ҶАШНВОРАИ КИТОБҲОИ БАЧАГОНА
Душанбе, 4 январ. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова). – Моҳи апрел бахшида ба Рӯзи байналмиллалии китобҳои бачагона дар Китобхонаи кӯдаконаи ба номи М. Миршакар ҷашнвораи ҷумҳуриявии китоб баргузор мегардад. Чорабинии мазкур дар доираи «Барномаи рушди фарҳанг» гузаронида мешавад,ки онро Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия кардааст. Тибқи барнома, ҷаншвора аз соли 2007 инҷониб ҳар сол баргузор мегардад. Дар он бачагон ва наврасони ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Айни ҳол низомномаи ҷашнвора барои тасдиқ ба Вазорати фарҳанги ҶТ пешниҳод шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки фестивал як ҳафта давом мекунад ва натиҷаҳои он дар Театри давлатии «Ҷавонон» ҷамъбаст карда мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






