2 ИШТИРОКЧИИ ҶБВ ДАР МУАССИСАИ СТАТСИОНАРӢ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Баҳриддин Ҷабборов, соли 2008 Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таъмини бошандагони муассисаҳои статсионарӣ аз ҳисоби буҷа 7 млн. 970 ҳазору 690 сомонӣ маблағ ҷудо намуд, ки нисбат ба соли 2007-1 млн. 24 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2005 -3 млн.643 ҳазор сомнӣ зиёд буда, ба сари ҳар шаҳрванд ба ҳисоби миёна дар давом сол ба миқдори 5826,53 сомонӣ ва дар як моҳ ба миқдори 485,54 сомонӣ рост омад. Ин миқдори маблағи ҷудокардашуда имкон дод, ки бошандагон се вақт бо хӯроки гарм, сару либос, ҷойи хоб, хизматрасонии тиббӣ таъмин гарданд. Айни ҳол дар муассисаҳои статсионарӣ 1368 нафар ниёзмандон нигоҳубин карда мешаванд, ки аз онҳо 774 нафар мардон, 554 нафар занҳо 2 нафар иштирокчии ҶБВ, 172 нафар маъюби гурӯҳи якум ва 617 нафарашон маъюби гурӯҳи дуюм мебошанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






