357 МАРОТИБА ЗАМИН МУҲОКИМА КАРДА ШУД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баробари баҳсҳои зиёд оид ба истифодаи замин, он мавриди ғорат ҳам қарор ммегирад. Бино ба суханони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, соли 2008 мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ масъалаҳои марбут ба истифодабарии заминро 357 маротиба мавриди муҳокима қарор доданд. Вобаста ба масъалаи мазкур, ба масъулини шаҳру навоҳӣ ва вилоёти кишвар 498 пешниҳод ироа карда шудааст. 1300 гектар замин, ки ғайриқонунӣ барои сохтмони манзил аз ҷониби раисони ҷамоатҳои шаҳу деҳот ба шаҳрвандон дода шуда буд, ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд. Аз ҷониби мақомоти прокуратура ба 30 ҳазор санади ҷамоатҳо эътироз овардашуда, нисбати чанд нафар раисони кумитаҳои заминсозӣ ва раисони ҷамоатҳо павандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






