АФЗОИШИ КӮМАКҲОИ ОЛМОН БА АФҒОНИСТОН

Январь 19, 2009 16:47

             Афғонистон, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев).-Телевизиони миллии Афғониcтон (RTA) бо такя ба як афсари болорутбаи полиси Олмон аз афзоиши кӯмакҳои ин кишвар тайи соли равон барои омӯзиши нерӯҳои полиси афғон хабар дод. Ба гуфтаи вай Олмон барои омӯзиш ва таҷҳизи полиси вулусволиҳо дар шимоли ин кишвар нӯҳ миллион евро ихтисос додааст. Дар ҳамин ҳол, дидбонгоҳи полиси сарҳадӣ дар Шимол бо кӯмаки Олмон эҷод гардид.             Генерал Халил Бахтиёр фармондеҳи минтақаи рақами панҷи сарҳадии шимол ба хабарнигорон гуфт, ки ин қитъа барои маҳв намудани ҳар навъ ҳодиса омода буда, бо меъёрҳои байналмилалӣ омӯзиш дидааст. Ҳамчунин, сарбозони қитъаи мазкур омода ҳастанд бо дигар нeрӯҳои амниятӣ ҳамкорӣ намоянд.            Олмон аз ҷумлаи кишварҳои уасосии кӯмакдиҳанда ба Афғонистон ба шумор меравад. Ҳудуди чор ҳазору панҷсад ҳазор сарбози ин кишвар дар ҳайати нерӯҳои амниятии ISAF дар шимоли Афғонистон ҷойгир мебошанд. Ҳамчунон мақомоти Олмон борҳо бар таҷҳиз, тақвият ва омӯзиши полиси миллии афғон таъқид намудаанд.  

Январь 19, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид