АМАЛИЁТИ ОБ БАРОИ ҲАЁТ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Январь 15, 2009 15:20

            Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Минтақаи Кӯлоб  яке аз  калонтарин минтақаҳои вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Заминҳои  кишоварзии вилоят бахусус, минтақаи Кӯлоб, тавассути каналу пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ тозаю омода сохтани иншооти обрасонӣ аз масъалаҳои асосии минтақа аст. Дар раванди даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» корҳои зиёде дар ин самт амалӣ гардид. Тибқи чорабиниҳои Бозрасии ҳифзи муҳити зисти ин минтақа,14 каналу пойгоҳҳои обкашӣ, ки барои кишоварзони   диёр хизмат мерасонанд, тоза карда шуданд. Дар раванди амалиёт барои тоза нигоҳ доштани сойи Тебалай, Девонасой, Бештегирмон, канали Кӯлобдарё, Деҳқонариқ ба ҳолати мӯътадили экологию санитарӣ оварда шуданд.

Январь 15, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад