«АМОНАТБОНК» УЗВИ СИСТЕМАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ПАРДОХТҲО ГАРДИД

Январь 15, 2009 15:04

                                                              Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар»,  Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки  маблағи ҳамлу нақли пул ба воситаи бонки мазкур дар соли 2008 — ум  367,2 миллион доллари ИМА- ро ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2007  -ум  89,3 фоиз зиёд мебошад. Қайд карда шуд, ки бонк айни ҳол  бо 11 бонки хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад.         Дар бонк  соли гузашта навъи нави хизматрасонӣ ба мизоҷон, яъне ба воситаи кортҳои пластикӣ гирифтани маблағ ҷорӣ карда шуд. Соли гузашта инчунин  «Амонатбонк» ба узвияти системаи байналхалқии пардохтҳои «Виза» қабул гардид. Бонк соли 2008 дар Иттифоқи байнибонкии  Созмони ҳамкории Шанхай намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Қайд карда шуд, ки «Амонатбонк» бо  Бонки давлатии рушди Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Январь 15, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад