АНДОЗРО БОЯД СУПУРД

Январь 7, 2009 16:00

           Восеъ, 7 январ. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). –  Ҷонишини  сардори нозироти  андози  ноҳияи  Восеъ  Ҷомӣ  Латифов  аз  рафти  ҷамъоварии  андоз   дар  ноҳия   иттилоъ   дод  ва  афзуд, ки   нақшаи  андоз  то  ин  ҷониб  ба  9  миллиону  507 ҳазору  712   сомонӣ  расидааст, ки  103 фоизро  ташкил  медиҳад. Аммо ба  гуфти  Латифов   аз  18  намуди  андоз, андози  ягона  ва  андози  боҷи  давлатӣ  иҷро  нагардидааст.  Сабаби   иҷро   нагардидани  ду  навъи  андоз  — ин паст   гардидани  нархи  пахта  ва  зиёд  гардидани  қарз  аз  бонкҳо мебошад. Мавриди   зикр  аст, ки   дар  ноҳия   аз  пардохти  андоз,  ташкилоту   муассиса   ва  хоҷагиҳо  то  1 – уми  январ 2840072 сомонӣ  қарздор мебошанд, ки  ин  боиси иҷро  нагардидани  нақша  мегардад. Мувофиқи  маълумоти  зикргардида қарзҳои  калонтарин  аз  тарафи  идораи  давлатии обёрии  мошинӣ — 392792 сомонӣ, Ҷамъияти саҳҳомии  шакли  пӯшидаи  «Восеъ» — 60000  сомонӣ,  хоҷагии  қишлоқ — 1 миллиону  816 ҳазору 156 сомонӣ,  хоҷагиҳои «Хоҷасартез» — 122320 сомонӣ, «Ҳулбук» — 115, 819  сомонӣ,  «Эмоми  Алӣ» — 105 488  сомонӣ, «Сино» — 190 661  сомонӣ,  хоҷагии «Хоҷамӯъмин» — 144 824  сомонӣ ва  ғайраҳо   ба  қайд  гирифта шудааст. То   ин  ҷониб    нозироти   андози  ноҳия нисбати  61  корхонаю  муассиса ва одамони  алоҳида  санад тартиб  дода, аз  онҳо  ба   маблағи  7545  сомонӣ  ҷарима  ситонида шуд — гуфт  Ҷомӣ  Латифов.

Январь 7, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад