АЗ ҚӮРҒОНТЕППА БА МАСКАВ ТАЙЁРАҲОИ «БОИНГ» ПАРВОЗ МЕКУНАНД

Январь 19, 2009 14:04

         Қӯрғонтеппа, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Теъдоди парвози ҳавопаймоҳои боркашу мусофирбар аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба Федератсияи Русия аз моҳи феврали соли равон сар карда, бештар хоҳад гашт. Корманди масъули  фурудгоҳи байналхалқии Қӯғонтеппа Файзалӣ Тӯраев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки  аз моҳи феврал сар карда, аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба пойтахти Русия ҳавопаймоҳои  нави  «Боинг 737 -200» парвоз мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки  теъдоди ҳамлу нақли мусофирон бештар карда шавад. Т.Тӯраев афзуд, ки дар давраи аввал ҳавопаймоҳо  ҳафтае як бор парвоз мекунанд. Баъд бо назардошти афзудани теъдоди мусофирон шумораи парвози онҳо зиёд карда мешавад. 

Январь 19, 2009 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?