БА ХОТИРИ ҲИМОЯИ ҚОНУН
Хоруғ, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Рӯзи 8-уми январи соли ҷорӣ бо ширкати масъулини прокуратураи ВМКБ ҷаласаи ҳайати мушовараи ин мақомоти назоратӣ баргузор гардид Дар рӯзномаи ҷаласаи мушовара масоили гуногун барассӣ гардид, аммо масъалаи асосӣ ҷамъбасти фаъолияти яксолаи прокуратураи вилоят буд. Бояд иброз дошт, ки соли 2008 барои прокуратураи вилоят осон набуд. Дар ин боб прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи якум Рашид Гулматшоев рӯшан иброз дошт: ҳодисоти соли гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати иҷрои вазифаи хеш масъулияти бештареро эҳсос карда, таъмини вилояти қонунро дар ҳудуди вилоят пурзӯр намоем… Дар ҳақиқат соли 2008 ин мақомот бори нахуст дар вилоят ба як мушкилоте рӯ ба рӯ гардид. Ба ин нигоҳ накарда, соли 2008 прокуратураи вилоят корҳои назаррасеро сомон дод. Дар боби иҷрои қонунгузорӣ аз тарафи прократураи вилоят вобаста ба кули самтҳои назорати умумӣ, аз ҷумла нақлиёт, андоз, гумрук, ноболиғону ҷавонон 15 маротиба санҷишҳо гузаронида шуданд. Ба хотири бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 428 пешниҳод ва 810 амр ирсол гардидааст. Бар асари баррасии ин санадҳои эътиноӣи прокуратура 115 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 149 нафаро ба ҷавобгарии моддӣ ва 246 нафаро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Ба хотири бекор кардани 699 қарори раисони шаҳру навоҳӣ ва нафарони мансабдор эътирози прокуратура рӯи кор омад. Дар ин давра аз тарафи муфаттишони прокуратураи вилоят 162 парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар рафти тафтишот ба маблағи 425 ҳазор сомонӣ зарар барқарор гардид, 9 адад ҷиноятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣошкор карда шуд. Дар давоми сол 361 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 317 –тои он ошкор гардиданд, ки 87 дар садро ташкил медиҳад. Ҷиноятсодиркунӣ нисбати дигар навоҳӣ дар қаламрави Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим зиёд гардида, 18 адад ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифтаанд, 12 ҳодисаи худкушӣ рӯи кор омаданд. Тавре прокурори вилоят иттилоъ дод, дар ин бора ҳанӯз санҷишоти комили прокурорӣ ҷараён надорад. Рашид Гулматшоев афзуд, ки зиёд шудани ҷиноятсодиркунӣ миёни ноболиғону наврасон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гувоҳи фаъолияти сусти мақомоти қудратӣ мебошад. Прокурори вилоят нисбати фаъолияти сусти иддае аз прокуророни шаҳру навоҳӣ эроди ҷиддӣ гирифта, идома ёфтани чунин амалро боиси аз вазифа озод гардидани эшон арзёбӣ намуд.