БАЧАГОН АСРОРИ КАСБИ РАССОМИРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Тарбиягирандагони хона — интернати бачагонаи рақами 4- уми пойтахт намоишгоҳи расмҳои бачагонаро тамошо карданд, ки таҳти унвони «Муҳити зисти ман» кушода шуд. Дар намоишгоҳ асарҳои беҳтарини шогирдони рассоми миниётурнавис Олим Камолов намоиш дода мешаванд. Рассоми чирадаст Олим Камолов ба бачагон тарзу усулҳои кашидани расмҳо ва суратҳоро дар матоъ ва коғаз ба воситаи қалам ва мӯқалам бо рангҳои гуногун меомӯзад. Ҳамсар ва ёвари Олим Камолов Сарвиноз Ҳоҷиева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бачагон намишгоҳро тамошо карда, ба касби рассомӣ меҳр пайдо мекунанд. Шояд баъзеи онҳо аз тамошои намоишгоҳ ба ваҷд омада, худашон ба кашидани расмҳо шурӯъ намоянд. Ба намоишгоҳ инчунин шоири маъруф Бобо Ҳоҷӣ даъват карда шуд. Вай ба бачагон шеърҳои нави худро қироат карда, маҷмӯаи ашъорашро тӯҳфа кард.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






