БАРҚАРОР ШУДАНИ МУНОСИБАТҲОИ САВДОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият бо 92 мамолики ҷаҳон, аз ҷумла бо 11 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 81 мамолики хориҷи дур муносибатҳои савдои хориҷии худро барқарор сохтааст. Дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи ИДМ 43,2 фоиз ё 1532,3 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамолики хориҷи дур 56, 8 фоиз ё 2011,8 млн. доллар рост меояд. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ-1198,6 млн. доллар ва ба мамлакатҳои хориҷи дур-51,9 млн. долларро ташкил дод. Дар содирот, аз ҷумла маҳсулоти растанӣ, бартарии меваҷот зиёд аст, ки бо арзиши умумии 23498 ҳазор доллар ва сабзавот ба маблағи 12151 ҳазор доллар ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






