БАРНОМАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ДАР АМАЛ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти омории Кумитаи омори давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаи паррандапарварӣ дар ҷумҳурии тоҷикистон ба марҳилаи амалишавӣ мегузарад. Соли 2008 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 1 миллиону 66 ҳазору 306 сар парранда парвариш ёфт. Ин омил дар хоҷагиҳои ҷамъиятии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миқдори 86 сар, вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ -377317 сар, вилояти Хатлон -145726 вадар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 543180 сар ба ҳисоб гирифта шудааст. Соли 2009 дар назар аст шумораи парранда дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз бештар афзоиш ёбад ва воридоти маҳсулоти он аз хориҷи кишвар кам гардад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






