БАРОИ ПИНҲОН КАРДАНИ МАБЛАҒИ АНДОЗ ДАСТГИР ГАРДИД

Январь 10, 2009 12:32

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Раиси ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус Холбой Бобоқулов барои пинҳон кардани маблағи андоз дастгир гардид. Маълум гардид, ки номбурда аз моҳи январи соли 2007-ум дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳристон бозори хусусии «Ваҳдат» ташкил намуда, бидуни бақайдгирӣ дар нозироти андози ноҳия ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ амал кардааст. Ӯ аз маблағи 132481 сомонии даромади соф ба даст овардааш 24462 сомонӣ маблағи андозро пинҳон кардааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Холбой Бобоқулов тибқи моддаи 259, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Нисбати ӯ аз тарафи кормандони шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлонбуда санҷиш давом дорад.

Январь 10, 2009 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид