БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ СОҲАИ СОҲИБКОРӢ

Январь 13, 2009 16:06

           Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дирӯз зимни мулоқоти  ғайрирасмии соҳибкорону  тоҷирон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ   проблемаҳои муҳимтарини соҳаи тиҷорату  соҳибкории хурду миёна мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба миён омадаанд. Дар ҷараёни мулоқот роҳу усулҳое пешниҳод гардиданд, ки барои камтар сохтани зарари бӯҳрон ба иқтисодиёти мамлакат кӯмак мерасонанд. Ғайр аз ин  дар ҷараёни мулоқот барномаи бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима шуданд.        Мудири иҷроияи Иттиҳоди  миллии  соҳибкории хурду миёна Михаил Петрушков пешниҳод кард, ки чунин мулоқотҳо мунтазам гузаронида шаванд. Вай мисол овард, ки  барои кам кардани зарари бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар мамлакатҳои ИДМ тадбирҳои  самарабахш андешида мешаванд. Дар ҷараёни чунин мулоқотҳо нақшаю барномаҳое пешниҳод мешаванд, ки баъдан дар натиҷаи такмил дода шуданашон барои эҷоди қонунҳо ва  муқаррар намудани сиёсати самарабахши иқтисодӣ имконияти хуб фароҳам меоранд, гуфт М.Петрушков.

Январь 13, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид