БАРРАСИИ РОҲУ УСУЛҲОИ БАРТАРАФ СОХТАНИ ОҚИБАТИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон маҷлиси сеюми вазирони молия ва иқтисоди давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод иштирок намуд. Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис муовини вазири молия Ҷамшед Норинов ширкат дошт. Вай зимни суханрониаш изҳор намуд, ки низоми ноустувори системаи ҷаҳонии молиявӣ ба вазъи иқтисодии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф низ таъсири манфӣ мерасонад. Омили дигари таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ, махсусан ба Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ кам гардидани воридоти маблағ аз ҳисоби фурӯши мол дар натиҷаи паст гардидани нархи он ба шумор меравад. Вай зикр намуд, ки аз ҷумла, нархи пахта ва алюминий солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ қариб 50 фоиз паст шуд. Ин ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёни калон мерасонад.Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои бӯҳрон тадбирҳо меандешад. Аз ҷумла, бо ин мақсад ҷойҳои нави корӣ омода карда мешаванд. Ҷ. Норинов афзуд, ки дар Тоҷикистон захираи обу замини серҳосил фаровон аст. Онҳоро самарабахш истифода бурда, оқибатҳои бӯҳрони молиявиро бартараф сохтан имконпазир мебошад, гуфт Ҷ. Норинов.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис масъалаҳои таъсиси ширкатҳои нави суғурта, ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмон дар мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ, ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағҳо, пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакатҳои аъзои созмон ва ғайра муҳокима шуданд. Тибқи пешниҳоди котиботи иқтисодии Созмони ҳамкории иқтисодӣ моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон бахшида ба масъалаҳои сармоягузорӣ конфронс гузаронида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






