БОНКИ ҶАҲОНӢ ОГОҲ МЕКУНАД
Мадрид, 26 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Мувофиқи пешгӯии мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, ба миллионҳо нафар одамон дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо сабаби босуръат баланд шудани нархи озуқа гуруснагӣ таҳдид менамояд. Дар ин бора дар машварати бахшида ба бӯҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ сухан рафт, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ дар Мадрид баргузор гардид. Ба ақидаи коршиносон, нархи муттасил афзояндаи озуқаворӣ ва торафт шадидтар гардидани бӯҳрони молиявӣ сабаби гуруснагии одамон гардида метавонанд. Кормандони Бонки ҷаҳонӣ изҳор карданд, ки дар мавриди наандешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи ҳукуматҳо, вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ниҳоят душвор гардида метавонад. Хабар дода мешавад, ки Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 7 моҳи охир барои расонидани кӯмак ба 13 миллион сокини мамлакатҳои гуногун маблағ ё озуқа ҷудо намудааст. Барои расонидани кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмӣ ва нуриҳои маъданӣ ҷудо карда шуд. То ҳол маълум нест, ки муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ нақшаҳояшонро барои кам кардани миқдори гуруснагон то соли 2015 иҷро карда метавонанд ё не. Муншии умумии СММ Пан Ги Мун ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта огоҳ карда буд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ косаи сабри сокинони мамлакатҳои қашшоқтаринро лабрез карда метавонад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






