БОЗГАШИ МАБЛАҒҲОИ ПАХТАКОРОНИ ВИЛОЯТИ СУҒДУ ХАТЛОН ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи кишоварзиии мамлакат, бахусус пахтакорӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба БДА «Амонатбонк» 40 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Тавассути шӯъбаҳои «Амонатбонк» ин маблағ пурра ба 548 хоҷагиҳои пахтакории вилояти Суғду Хатлон пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, аз захираҳои худи бонк ба 50 хоҷагии пахтакорӣ дар ҳаҷми 9,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси БДА «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов. Ӯ ҳамчунин, иброз дошт, ки то имрӯз аксарияти хоҷагиҳои вилояти Суғду Хатлон маблағҳоро самаранок истифода бурда, мутобиқи Шартнома бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон то имрӯз аз ин ҳисоб 14,5 миллион сомонӣ маблағҳо ба вазорати молияи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд ва айни замон бозгаши ин маблағҳо муташаккилона давом дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






