БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРҲОИ НАВ ДАР ШАҲРУ НАВОҲИИ КИШВАР
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1-уми январи соли 2009 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 28890,2 гектар боҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» 2,3 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 1290,1 гектар меваҳои тухмдор, 1302,1 гектар донакдор, 95,9 гектар мағздор ва дар масоҳати 227 гектар меваҳои субтропикӣ шинонда шудааст. Аз миқдори умумии боғҳои нав беш аз 400 гектари он дар заминҳои лалмӣ бунёд када шудааст. Дар ҳамин муддат 691 гектар токзорҳои нав бунёд ёфт, ки нисбат ба барномаи зикршуда 43,6 фоиз зиёд аст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






