БУРДУ БОХТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Январь 12, 2009 15:38

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Солҳои охир бо  мақсади танзими рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт  ва иҷтимоиёти кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор консепсияҳо ва барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмуддати тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, қабул гардиданд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ 14 барнома, 7 консепсия ва ду стратегия таҳия ва қабул шуданд, ки ин ба пешравии иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ қайд намуда буд, ки беҳтар гардонидани вазъияти иқтисодию иҷтимоии кишвар аз тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, махсусан энергетика, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва инфрасохтор вобастагии калон дорад. Барои ҳарчи зиёд истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ барномаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои гуногуни агросаноатиро қабул намудааст, ки татбиқи пурраи онҳо ба давраҳои муайяни миёнамӯҳлат ва дарозмуддат рост меояд.   Дар соли 2008 барои рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ зиёда аз 70 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда буд, ки нисбат ба соли 2007 46 фоиз зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби маблаггузории асосӣ ба соҳа 13,5 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Соли гузашта бо сабаби кӯҳнаю фарсуда гардидани техникаи кишоварзӣ ва бо мақсади барқарор намудани парки мошину механизмҳои кишоварзӣ КВД «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шуда, барои ташкили фонди оиномавии он ва ба роҳ мондани амалиёти лизингӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 8,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Корхонаи мазкур дар ин давра ба ҷумҳурӣ қариб 100 адад тракторҳои гуногунтамға ва техникаи дигари кишоварзӣ ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ ворид намуда, дар асоси шартномаҳо дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ мавриди истифода карор додааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар ҳолатҳои фавкулодда дастгирӣ намудани соҳа ва инчунин дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани амнияти озукавории мамлакат, соли гузашта барои харидорӣ ва пурра намудани Фонди захираи давлатӣ 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намудааст. Соли сипаригашта ба ҷумҳурӣ миқдори зиёди орду ғалла, равғани растанӣ, гӯшти мурғу тухм, ҳатто сабзавоту меваҷот аз давлатҳои дуру наздик ворид гашта истодааст. Барои мисол дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 374 ҳазор тонна гандум истехсол гашта, аз хориҷи кишвар 254 ҳазор тонна ё 68 фоизи ҳаҷми истеҳсоли дохили ворид шудааст. Орд бошад, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 476 ҳазор тонна истеҳсол ва 520 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид гаштааст, ки ин ба 109 фоизи истеҳсоли худӣ баробар мебошад. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ раванди паст гардидани истеҳсоли пахта мушоҳида мегардад. Бо мақсади бартараф сохтани ин камбудиҳо аз тарафи Сарвари давлат нисбат ба ҷорӣ кардани механизми нави маблаггузории соҳа тавассути системаи бонкӣ супориши дахлдор дода шуд.Новобаста аз чораҳои андешидашуда дар ҷумҳурӣ 353,1 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида, ҳосилнокии он ҳамағӣ 14,7 сентнер аз як гектар ташкил намуд. Таи ду соли охир барои дастгирии хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ, хариду таъмин намудани деҳқонон, бо тухмии навъҳои баландсифат ва элитаи картошкаю ғалладона ва инчунин пурра намудани фонди гардиши тухмии картошкаю зироатҳои кишоварзӣ 11 миллион сомонӣ, аз он ҷумла барои харидорӣ намудани тухмии аълосифати картошка ва ғалладона 10 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Яке аз проблемаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ сол то сол бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ якуми январи соли 2009 – ум қариб 11,1 ҳазор гектар заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд. Қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об то якуми январи соли равон маблағи 148,1 миллион сомониро ташкил намуда, ба сари вақт таъмир ва барқарор намудани шабакаҳои обёрӣ, ки фарсудаю корношоям гаштаанд, таъсири манфӣ мерасонад. Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли 2008 — ум 25,2 миллион сомониро ташкил дод. Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои обро лозим аст, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои зертобеи худ камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар соли 2009 ислоҳ намояд.  

Январь 12, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид