ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Сухангӯи Вазорати фарҳанг Гулаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аввали моҳи июл ба ин муносибат конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» баргузор мегардад. Инчунин, моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ китоби Имоми Аъзам «Фиқҳи Акбар» ва китобе дар бораи Абӯҳанифа — «Симои Имоми Аъзам» нашр хоҳад шуд. «Моҳи августи соли ҷорӣ баргузории як конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳанафия ва интишори маорифи исломӣ» дар назар аст, ки дар он паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва шахсияти Имоми Аъзам баррасӣ мегарданд», — идома дод Г. Давлатов. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар муассисаҳои фарҳангӣ ва тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам чорабиниҳои гуногун роҷеъ ба мақом ва нақши Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги исломӣ доир хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






