Д.БАЙДЕН : «АМРИКО БОЯД БА ҚУРБОНИҲОИ НАВ ТАЙЁРӢ БИНАД»
Вашингтон, 27 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Ноиби президенти ИМА Ҷозеф Байден зимни сӯҳбат бо мухбири ширкати телевизионии Си — Би — Эс изҳор намуд, ки Амрико дар мавриди ба Афғонистон ворид сохтани қисмҳои иловагии ҳарбӣ бояд ба афзоиш ёфтани теъдоди курбониён омода бошад. Вай зикр намуд, ки аскарону афсарони ИМА дар ин маврид ба муқовимати дучанди душман рӯ ба рӯ хоҳанд гашт. Ёдовар мешавем, ки президенти нави ИМА Барак Обама қарор додааст, қисмҳои ҳарбии мамлакаташро аз Ироқ бароварда, онҳоро ба Афғонистон фиристад. Тибқи нақша, ояндаи наздик ба Афғонистон иловатан то 30 ҳазор хизматчии ҳарбии амрикоӣ фиристода мешавад. Дар замина Б.Обама вазифа гузоштааст, ки қисмҳои ҳарбии мамлакаташ аз Ироқ дар давоми 16 моҳи оянда бароварда шаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






