ДАР ҶТ БА МАБЛАҒИ 17 МЛР. 609 МЛН СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ ГАРДИД
Душанбе, 26 январ. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Дар давоми соли 2008-ум ба маблағи 17 миллиарду 609 миллион сомонӣ маҳсулоти дохилӣ истеҳсол карда шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 7,9 фоиз зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ Мирганд Шабозов. Ӯ афзуд, ки суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаригардида коҳиш ёфт. Дар ин давра ба маблағи 5905 миллион маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Аз 798 корхонаҳои саноатие, ки имрӯз дар чумҳурӣ ҳастанд, ҳамагӣ 494 корхонаи он кор карда маҳсулот бароварданд. Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардаи корхонаҳои саноатӣ 3878,8 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба маблағи 1551,1 миллион сомонӣ молҳои озуқаворӣ истеҳсол карда шуд. Қобили қайд аст, ки дар соли 2008 -ум ҳаҷми маҳсулоти умумии истеҳсолшудаи кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 7807,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 7,9 фоиз зиёд аст, аз ҷумла истеҳсолот дар соҳаи растанипарварӣ 8,4 фоиз ва чорводорӣ 6,7 фоиз афзуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






