ДАР АФҒОНИСТОН КАНАЛИ АМУДАРЁ — АНДХӮЙ СОХТА МЕШАВАД

Январь 31, 2009 11:15

                    Кобул, 31 январ. (АМИТ «Ховар» — Афғонистон. Ру.).- Дар вилояти Форёби Афғонистон сохтмони канали Амударё — Андхӯй ба нақша гирифта шуд. Сохтмони канали мазкур имкон медиҳад, ки масоҳати калони замин қобили кишт гардонда, бештар аз ним миллион сокини маҳаллӣ бо кор таъмин карда шавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ба хабари агентии иттилоотии «Бохтар» — и Афғонистон истинод карда хабар медиҳад, ки лоиҳаи сохтмони канали мазкур чанд рӯз пеш дар маркази маъмурии вилояти Форёб — шаҳри Маймана мавриди баррасӣ қарор гирифт.                   Намояндаи ширкати «Коста интернейшнл» Довуд Ҷабборхел зикр кард, ки нақшаи сохтмони канали мазкур 4 сол пеш бо роҳбарони мамлакат мувофиқа карда шуда буд. Раиси ширкати мазкур Норман Мессен хабар дод, ки ба воситаи канали Амударё — Андхӯй ба вилояти Форёб дар як сония то 30 метри мукааб об ҷорӣ хоҳад гашт.  Сохтмони канал 4 сол давом мекунад. Норман Мессен мақомоти Афғонистонро даъват кард, ки нақшаи сохтмони каналро дастгирӣ кунанд, зеро он барои рушди иқтисодиёти минтақа аҳамияти калон дорад.                                                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А.

Январь 31, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад