ДАР ЧИН ИСТЕҲСОЛИ МОЛ КОҲИШ ЁФТ

Январь 7, 2009 11:08

Пекин, 7 январ. (АМИТ «Ховар» — БИ-Би-Си).- Ҳаҷми истеҳсоли мол  дар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давоми се моҳи охирини  соли 2008 хеле кам шуд. Ба қавли коршиносон, сабаби асосии  ин вазъият таъсири  бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Қайд карда мешавад, ки вақтҳои охир талабот ба молҳои сохти чинӣ, хусусан дар хориҷи кишвар хеле коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи ҳукумат, вазъи иқтисодии мамлакат торафт муташанниҷ мегардад. Бисёр корхонаҳо барои давом додани фаъолияташон коргаронро аз кор озод мекунанд.          Ба қавли раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао, дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ рақобатпазирии молҳои сохти Чин дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш меёбад.

Январь 7, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад