ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ БА СӮИ ХОБГОҲИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИК ОТАШ КУШОДА ШУД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Баъзе рӯзномаҳо ва сайтҳои интернетӣ хабар доданд, ки дар ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург шахсони номаълум ба сӯи хобгоҳи мардикорони тоҷик аз аслиҳаи оташфишон тирпарронӣ карданд. Дар натиҷа чанд нафар маҷрӯҳ гардид. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Ф.Шарифов баъди боздид аз маҳалли воқеа ва сӯҳбат бо сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Орҷоникидзе ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 12 январ гурӯҳи бистнафараи шахсони номаълум ба хобгоҳ зада даромада, шаҳрвандони тоҷикро лату кӯб кардаанд. Яке аз шаҳрвандони тоҷик Сироҷиддин Сафаров бо тири аслиҳаи пневматикӣ маҷрӯҳ гардид ва ҳоло дар шифохона табобат карда мешавад. Вазъи саломатии ӯ қаноатбахш аст. Айни ҳол 6 нафар бо гумони ҳамдастӣ дар ин амалиёт дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






