ДАР ХАТЛОН 188 НАФАР БА МАБЛАҒИ 19340 СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТА ШУД
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми соли 2008 аз ҷониби Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон 1600 санҷиши назорати давлатӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 326 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид.Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бино бар ошкор гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ба 188 нафар ба маблағи 19340 сомонӣ ҷарима баста шуд. Инчунин, аз тарафи озмоишгоҳҳои ваколатдори Раёсат 4023 ташхис гузаронида шуд, ки дар 56 ҳолат ба маблағи 2014 сомонӣ маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истифодаашон гузашта несту нобуд карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми соли 2008 аз ҷониби озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ дар 348 ташхис 16 ҳолат ва озмоишгоҳи нуриҳои маъданӣ дар 230 ташхис 3 ҳолат маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор гардид.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






