ДАР МАСКАВ БУНЁДИ ХАЙРИЯИ «ПОМИР» ТАЪСИС ЁФТ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Дар шаҳри Маскав Бунёди мероси фарҳангии «Помир» таъсис ёфт, ки ба он ходими маъруфи ҷамъиятии Тоҷикистон Муқим Майбалиев роҳбарӣ мекунад. Дар маросими муаррифии бунёди мазкур намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистону Русия, зиёиёни илмию эҷодкор ва ҷамъиятҳои тоҷикони сокини Русия, инчунин хабарнигорон ширкат варзиданд. Дар маросими муаррифии бунёди нав сафири Тоҷикистон дар Русия А.Достиев сухан кард. Мавсуф изҳори умед намуд, ки бунёди нав ба ҳифзу ғанӣ гардондани фарҳанги миллии тоҷикон дар қаламрави Русия мусоидат хоҳад намуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






