ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ПЕШПАРДОХТИ ГАЗ МАҚБУЛ АСТ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Суғд маблағи пешпардоти гази табии 70- 110 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти масъули идораи «Суғдгаз» Гавҳар Қосимова, бо сабаби аз ҷониби идораи «Узтрансгаз» боло бурдани нархи гази табиӣ дар идораи «Суғдгаз» ба ин иқдом даст задаанд. Тадбири нави идораи «Суғдгаз»дар ҳолест, ки пештар барои истифодаи газ аз аҳолӣ ба андозаи 30-60 сомонӣ пешпардохт талаб карда мешуд. Дар идораи «Тоҷикгаз» оид ба ин масъала чизе таъйид нагардид. «Тоҷикгаз» танҳо баъд аз ҳисобу китоби аниқ маълум мекунад, ки барои истифодаи 1м.кубӣ газ аҳолӣ чӣ қадар маблағ пардохт хоҳад кард. Масъалаи пешпардохти газ, ки дар вилояти Суғд талаб карда мешавад, касе чунин супориш надодааст ва ин бо салоҳияти идораи «Суғдгаз» амалӣ шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






