ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР СОЛИ 2008
Душанбе, 22 январ. ( АМИТ "Ховар", Пайрав Назаров ). — Ба даст овардани ду медал аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин — доир гардиданд, бузургтарин дастоварди варзиши тоҷик дар соли 2008 маҳсуб мешавад. Ин нуқтаро зимни мусоҳиба бо мухбири АМИТ «Ховар» раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов иброз намуд. Хулосаҳои дигари Нарзулло Латифов оид ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2008. «Дастаи мунтахаби олимпии кишвар нахустин бор дар Бозиҳои олимпӣ бо шумули 15 нафар дар 8 ришта ҳунарнамоӣ карда, дар Олимпиадаи Пекин бо 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ байни беш аз 200 кишвари ҷаҳон дар ҷои 65-ум қарор гирифт. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид. Бояд тазаккур дод, дар таърихи варзиши тоҷик ин аввалин медали олимпии Тоҷикистон аст, ки варзишгари мо дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба даст овардааст. Дар се Олимпиадаи пешин (Атланта-1996, Сидней-2000 ва Афина-2004) ба намояндагони Тоҷикистон ба даст овардани медали олимпӣ муяссар нашуда буд. Гурзандоз Андрей Абдувалиев бошад, дар ҳайъати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфтааст. Инчунин бояд гуфт, ки 5 медали олимпӣ — 3 тилло ва 2 биринҷиро варзишгарони Тоҷикистон Юрий Лобанов (қаиқронӣ), Анатолий Старостин (панҷҳарбаи муосир) ва Зебуннисо Рустамова (камонварӣ) дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст оварда буданд. Медали дуввуми Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин гуштигири моҳир Юсуф Абдусаломов соҳиб шуд. Вай дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра сарфароз гардид. Воқеан, ин аввалин медали нуқраи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Ю. Абдусаломов порсол, инчунин, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Ин варзишгари 31-сола, ки дар Доғистони Русия ба сар мебарад, аз соли 2002 инҷониб шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҳимоя мекунад. Вай бори дуввум Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ кард. Расул Боқиев соли 2008, ҳамчунин, дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Италия ва Русия пирӯз гардида, соҳиби медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳри Ҳамбурги Олмон гардид. Барои муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов низ мавсими соли гузашта бобарор буд. Вай нахуст дар Олимпиадаи Пекин ба сабқати чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, ба қатори панҷ нафар муштзанҳои беҳтарини олам дохил шуд ва моҳи декабр дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар шаҳри Маскави Русия дар вазни то 81 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Бояд гуфт, ки ин аввалин медали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии бокс ба шумор меравад. Муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов низ дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи бокс дар вазни то 51 кг ба сабқати чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, байни панҷ нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуд. Ӯ, инчунин, дар Ҷоми раиси АИБА (Созмони байналмилалии бокси ҳаваскор) дар Тайван медали нуқра ба даст овард. Гурзандоз Дилшод Назаров, ки аз байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардида буд, дар Бозиҳои олимпӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва байни 11 гурзандози беҳтарини ҷаҳон мавқеъ гирифт. Ӯ инчунин соли 2008 дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ пирӯз шудааст. Вале дар Олимпиадаи Пекин варзишгарони кишвар дар риштаҳои камонварӣ, тирандозӣ, вазнбардорӣ ва шиноварӣ натиҷаҳои хуб ба даст наоварданд. Соли 2008 варзишгарони тоҷик, инчунин, дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як қатор дастовардҳо ноил шуданд. Чунончи, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до ITF дар сабқати занон дар вазни то 45 килограмм соҳиби медали тилло гардид, ду сол паиҳам байни занони варзишгари кишвар беҳтарин эътироф мешавад. Инчунин ба қатори беҳтарин варзишгарони сол Толеъ Холназаров — барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ дар вазни 110 кг бо натиҷаи умумии 950 кг дар сеҳарбаи қудратӣ, Набимуҳаммад Хоркашев — барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 100 кг, Акмал Қодиров — қаҳрамони Осиё оид ба армреслинг ё дастхобонӣ байни варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг ва Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва беҳтарин бозигари ин мусобиқот дохил шуданд. Соли 2008, ҳамчунин, Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Шералӣ Достиев (бокс), Далер Тӯраев, Далер Сайфиддинов ва Заррина Икромова (таэквон-до ITF), Акмолиддин Каримов, Абдулфайз Муллоев ва Пӯлодҷон Солеҳов (самбо), Искандар Неъматов (гуштии камарбандӣ), Нӯъмон Ризоев (гуштии юнониву румӣ), Галина Митяева (гурзандозӣ), Бадриддин Умедов (каратэ-до), Илҳом Маллаев ва Азамат Умарзода (кикбоксинг), Шавкат Дадабоев (карате-кёкушинкай), Сиёвуш Шарифов (ҷанги тан ба тан), Бахтиёр Саъдуллоев ва Аҳмадҷони Муҳаммад (теннис), Фаррух Амонатов, Соҳиб Ҷӯраев ва Икром Илҳомзода (шоҳмот), Екатерина Ишенко (тенниси рӯи миз) ва дигарон дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ натиҷаҳои баланд ба даст оварданд. Қобили қайд аст, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Дар давоми се соли охир чор маротиба афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, бунёди варзишгоҳҳои нав ва тармиму таҷдиди иншооти мавҷудаи варзишӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Дар баробари муҳайё намудани заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ низ қабул шудаанд. Инчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Пекин — макони баргузории Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ — нишона аз таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхории Сарвари давлат ба соҳаи варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа мебошад. Вале бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо, дар варзиши тоҷик ҳанӯз мушкилоти зиёд, аз ҷумла камбуди маблағ, нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд. Ва аз ҳама беш, чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2008-ум ва вазифаҳо барои соли 2009 таъкид сохт, «Варзиши оммавиро, аз мактабҳо сар карда, инкишоф додан зарур аст». Албатта ҳалли масъалаҳои соҳаи варзиш бе кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад. Бинобар ин ҳамчун коршиноси соҳа бар асоси таҷрибаи бисёрсола ва мушоҳидаҳои худ барои рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ пешниҳод дорам, ки бо мақсади татбиқи пурсамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо сарварии Президенти мамлакат таъсис дода шавад».