ДАТ – БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 8586 нафар, аз ҷумла дар шӯъбаи рӯзона 5503 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 2776 нафар толибилмон таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 820 нафарашон духтарон мебошанд. Ректори донишгоҳи мазкур Иззатулло Сатторӣ дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» бурду бохти таълимгоҳро дар соли 2008 шарҳ дода, зикр кард, ки тибқи квотаи президентӣ 187 нафар бо таҳсил фаро гирифта шуда, соли 2008 шӯъбаи рӯзонаро 650 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 244 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамуданд. Аз ин шумора 39 нафарашон духтарон мебошанд, ки 17 нафари онҳо бо квотаи президентӣ таҳсил менамуданд. Дар соли 2008 донишгоҳро 43 нафар бо дипломи сурх хатм намуданд. Соли таҳсили ҷорӣ шӯъбаи рузонаро 744 нафар ва шӯъбаи ғойибонаро 349 нафар хатм мекунанд. Дар соли 2008 ба шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳ 1595 нафар донишҷӯ аз рӯи 30 ихтисос қабул карда шуд. Мавриди зикр аст, ки шумораи умумии омӯзгорону профессорон аз 540 воҳиди корӣ иборат буда, 49 нафарашон докторону профессорон ва 145 нафар номзадҳои илму дотсентон мебошанд. Дар Донишгоҳи аграрӣ имрӯз факултетҳои агрономӣ, агробизнес, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, зооинженерӣ, иқтисодӣ, механиконии кишоварзӣ ва тибби ветеринарӣ мавҷуданд. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва мукаммалгардонии раванди таълим дар соли 2008 ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, таҷрибаи ДАТ оид ба таъмини шаффофият ва воқеъбинонаи қабули санҷишу имтиҳонҳои ҷории сессияҳо аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд ва амалисозии он дар дигар донишгоҳҳо тавсия гардид. Инчунин, бо мақсади иҷро намудани барномаҳои давлатӣ аз рӯи 4 ихтисос, аз қабили паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, беҳдошти ветеринарӣ ва бунёди чаманзор нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатӣ тарҳрезӣ гардиданд ва бо иҷозатнамои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон ба ин ихтисосҳо қабул карда шуданд. Иззатулло Сатторӣ тазаккур дод, ки соли сипаригашта нақшаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатӣ аз рӯи 30 ихтисос бо дараҷаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ гардида, аз тарафи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои татбиқи он дар соли хониши 2008-2009 тавсия карда шуданд. Соли 2008 дар ДАТ барои амалӣ намудани низоми кредитии таҳсил аз рӯи ихтисоси 0620-идоракунии соҳаи кишоварзӣ пойгоҳи таълимӣ ташкил карда шуда, раванди таҳсили курсҳои якум ва дуюми ин ихтисос таъмин гардид. Барои беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ — таълимии донишгоҳ дар соли таҳсил 5 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ-истеҳсолӣ бунёд карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 2008 аз тарафи Вазорати маориф дар байни мактабҳои олии кишвар яке аз беҳтаринҳо ҳисобида шуд ва соли ҷорӣ тавонист дар байни 22 донишгоҳ дар озмуни интеллектуалии телевизионии «Ҷоми Ҷам» ҷои аввалро соҳиб гардад. Дар соли 2008 Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС-и донишгоҳ тибқи нақшаи фаъолият дар раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Ашт, Хуросон ва Ҳисор бо роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии шаклҳои гуногун, раисони кумитаҳои заминсозии вилоят ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, муҳандисон, зооинженерон, агрономҳо ва устодони ДАТ машғулиятҳо гузаронид. Иззатулло Сатторӣ мӯътақид бар он аст, ки иқтидори хобгоҳҳои доништоҳ аввалин маротиба пурра барқарор карда шуд ва барои зисти донишҷӯён, олимон ва омӯзгорони ҷавон, донишҷӯёни хориҷӣ ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос 1110 ҷой ба истифода дода шуд. S.P Соли 1931 дар заминаи факултети хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна Донишкадаи Осиёи Миёнагии меваю сабзавот (ДОММС) дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Даставвал 13 кафедраи махсус ташкил карда шуд, ки дар онҳо омӯзгорон ба 25 донишҷӯ ва 336 шунавандаи факултети коргарӣ дарс медоданд. Соли 1933 бо қарори Шӯрои Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон донишкадаи мазкур ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон табдил дода шуда, соли 1992 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада номи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дода шуд. Бо қарори Шӯрои Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон соли 1944 донишкада ба пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) кӯчонида шуд. Ректори нахустини донишкада агроном-биолог Комилӣ буд.