ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИ ЭСХАТА ВУСЪАТ МЕЁБАД
Ғаззаҳ, 9 январ. ( АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Аз 1 январи соли 2009- ум 6 шӯъбаи ҳисобу китоб ва қарздиҳандаи бонки «Эсхата» ба филиалҳои он табдил дода шуданд. Ин имкон медиҳад, ки филиалҳои мазкур ба аҳолӣ илова ба додани қарз, навъҳои дигари хизматрасониро ба роҳ монанд. Филиалҳои бонк аз соли нав сар карда, дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Турсунзода, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Ёвон ба кор шурӯъ намуданд. Ояндаи наздик дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат филиалҳои нави бонк кушода мешаванд. Акнун мизоҷони бонк аз хизматрасонӣ дар соҳаҳои тиҷорат, қарз, ҳаволаи пул, баробар кардани ҳисобу китоб ба воситаи бонк ва кушодани суратҳисобҳо баҳравар мегарданд. Айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ 14 филиали Бонки «Эсхата» фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар кор мекунад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






