ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ИМОМИ АЪЗАМ ВА ГУФТУГЎИ ТАМАДДУНҲО
Баъди ноил шудан ба истиқлолияти миллӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ, эҳёи арзишҳои анъанавии миллӣ нерўи нав касб кард. Пайваста бо ин робитаҳои мардуми Тоҷикистон бо мардуми кишварҳои олам, шиносоӣ ва бархўрдории вай аз арзишҳои умумибашарӣ хеле афзуд. Густариши робитаҳо ва ҳаводиси ҷаҳони имрўза Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир хеле зич пайваст. Болоравии худшиносии миллӣ, ки самараи соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, бо равандҳои ҷаҳони имрўза мувоҷеҳ гашта, бо мавқеъгирии Тоҷикистон дар ҷаҳон хештаншиносии мардуми тоҷик қувват пайдо кард. Вобаста ба ин манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ робитаҳо бо кишварҳои ҷаҳони муосир ва баҳрамандшавӣ аз арзишҳои ҷаҳони мутараққӣ суръат гирад ва алоқа бо дигар тамаддунҳо густариш ёбад. Дар ин росто бояд зикр намуд, ки гуфтугўи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои асосии ҷаҳони имрўза табдил ёфтааст. Зеро инкишофи ҳаёти имрўзаро бе таъсири бонуфузи тамаддунҳои мухталиф, байналмилалӣ гаштани равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ наметавон тасаввур кард. Ҳар гуна дуршавӣ ва канорагирӣ, зиддият ва муқовимати беасос ба манфиати ҳаёти сиёсӣ ва инкишофи кишвар нест, он ба ҷудоиандозӣ ва бўҳрони иқтисодию сиёсӣ бурда, монеаи пешрафти ҷумҳурӣ мегардад. Ҷараёни умумитаърихии инкишофи ҷомеаи инсонӣ тақозои ҳамкорӣ, истифодаи комёбиҳои тамоми инсоният, арзишҳои умумибашариро кардааст. Имрўз ин раванд боз ҳам тавсеа ва таҳким ёфтааст. Пас, дар чунин шароит моро зарур аст, ки воситаҳои ҳамкорӣ ва ҷараёни истифодаи арзишҳои ҷаҳони муосирро пурзўр намуда, симои маънавӣ, хусусиятҳои миллии худро нигоҳ дорем, худшиносии миллиро таҳким бахшем. Дар доираи манфиатҳои миллӣ худшиносии динии халқи тоҷик низ аҳамияти зиёде касб мекунад. Роҳу равиши дурусти он ба гуфтугўю муколамаи динҳо, ки ҷузъи асосии ҳамагуна тамаддун аст, ҳидоят мекунад, мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ устувор месозад. Барои ташаккули дурусти худшиносии динии халқи тоҷик истифодаи мероси ғании динӣ зарур аст. Мероси динӣ, аз ҷумла мероси фиқҳӣ ва каломии Имоми Аъзам, метавонад намунаи равшани гуфтугўи дин ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад. Бешубҳа, арзишҳои динӣ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ эътибори муҳим доранд. Вале, мутаассифона, дар оғози марҳилаи истиқлоли кишвар таносуби арзишҳои динӣ ва миллӣ мувозинаи худро гум карда, барои миллати тоҷик имтиҳони вазнинро ба бор овард. Яке аз сабабҳои ҷиддии ин вазъ ба эътибор нагирифтани фарҳанги ғанӣ ва мероси динии шахсиятҳои бузург ва фарзонаи миллати тоҷик дар тамаддун ва фарҳанги умумиисломӣ буд. Албатта, дар чунин самт қарор гирифтани раванди худшиносии диниву миллӣ ва дар ин замина ба мавқеъгириҳои нодурусти идеологии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ба пайравии баъзе қувваҳои радикалии динӣ аз принсипҳои динолуди зиддимиллӣ вобаста сохтани тақдири миллати тоҷик ба бўҳрони сиёсӣ ва идеологӣ дар кишвар сабаб шуд. Хушбахтона, бо шарофати таҳким ёфтани давлати соҳибихтиёри миллӣ, кўшишу талошҳои доимии ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон, вафодории содиқонаи он ба принсипҳои сиёсати ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихии ин диёри кўҳанбунёд дар ҷомеаи Тоҷикистон суботу амният таъмин гашт ва нерўҳои асосии мардум ба меҳнати созанда ва эҷодкорона рў оварданд. Дар тўли ҳазорсолаҳо тамаддун дар доираи муқаррароти дин инкишоф ёфтааст ва арзишҳои фарҳангӣ бо таъсири омили динӣ эътирофи умум пайдо карда, асоси устувори фарҳанги ҷомеаро ташкил додаанд. Ба ҳамин хотир бисёре аз муҳаққиқон ин ва ё он тамаддунро ба дин вобаста ва симои маънавии ҷомеаро аз он иборат медонанд. Табиист, ки дар пешрафти ҷомеа дин мусоидат кардааст ва анъанаю муассисаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки ба пешрафти тамаддун кўмак расонидаанд. Анъана ва арзишҳои устувори фарҳангӣ, ки бо ақоиди динӣ ороста шудаанд, пойдевори мустаҳками фарҳангиро ташкил додаанд. Чуноне ки аз манбаъҳои муқаддаси дини ислом бармеояд, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, ки ғояҳои асосии анъана ва арзишҳои маданиро ташкил медиҳанд, дар дини ислом низ мавқеи устувор ишғол мекунанд. Бузургдошти инсон, эҳтироми шахсият дар ислом на танҳо нисбати мўътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ ҷорӣ аст. Он дар амалу рафтори бузургони дин борҳо намудор шудааст. Аз ҷумла поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам намунаи баланди инсондўстиро дар зиндагӣ ва таълимоти худ нишон додааст. Кофист, муносибати ўро бо яҳудии ҳамсояаш мисол биёрем. Яҳудӣ аз ин муносибати ғамхорона то ҳадде зери таъсир қарор гирифт, ки кеши Абўҳанифаро қабул кард. Муносибати хуб ва таҳаммулпазирӣ аз оёти Қуръони карим аз ҷумла, оятҳои 2 сураи Моида, ояти 83 сураи Бақара, ояти 86 сураи Нисо, ояти 41 сураи Юнус ва ғайра сар мезанад. Мавқеи ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси принсипи таҳаммулпазирӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии ислом, хусусан мазҳаби Абўҳанифа ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад. Уммати мусулмон дорои мероси бузург ва арзишманди фарҳангӣ мебошад. Таърихан фарҳанги умумиисломӣ бо ҳифзи асолати динӣ ва ҷавҳари тавҳидӣ дар худ беҳтарин самараи инкишофи фарҳангии қавму халқҳои мухталифро таҷассум намудааст. Аз ин ҷиҳат, уммати ислом аз миллатҳои мусулмон иборат аст, ки ҳар кадом ба дини ислом бар асоси ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва сиёсии худ даромадааст. Уммати мусулмон бар асоси ягонагии динӣ — тавҳидӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ ташаккул ёфта, бад-ин васила сабаби инкишофи миллатҳои мусулмон гашт. Ислом дар такя бар асли тавҳид ба масъалаи худшиносӣ ва худсозии миллатҳои мусулмон маҷрои ягона бахшида, ҳалли ҷанбаҳои гуногуни онро дар доираи асли гуногуншаклии фиқҳӣ – мазҳабӣ ба хусусиятҳои инкишофи фарҳангии онҳо вобаста гардонид. Дар сураи «Ал-Ҳуҷурот» Худои Мутаол мефармояд: «Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз марду зан офаридем ва шуморо халқҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина гиромитарини шумо наздики Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо Донои Хабардор аст». Воқеан, халқи тоҷик дар шинохти ҷавҳар ва ҳақиқати ин дини бузурги тавҳидӣ ва шикасти таассуби қавмӣ дар назди Худои Таоло метавонад аз парҳезгортаринҳо дониста шавад. «Ва сухан аз сари ҳавас намегўяд. Нест гуфтораш, магар ваҳӣ, ки ба ў фиристода мешавад». Тамоми инсоният мақоми азим ва манзалати паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) медонанд ва Қуръони карим дар ин бора шаҳодат медиҳад. Бинобар ин пешгўиҳои Расули акрам низ, чи дар ҳаққи саҳобагон ва чи тобеъин, барҳақ мебошанд. Дар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Бухорӣ ва имом Муслим аз Абўҳурайра омадааст: «Агар илм (ба лафзи дигар – имон ва ё ба лафзи Муслим – дин) ба осмон ба ситораи Сурайё овезон бошад, мардоне аз авлоди Форс (ба ривояти дигар, мардоне аз эшон – ва ба Салмони Форсӣ, ки дар он маҷлис ҳузур дошт, ишора карданд) онро ба замин меоваранд». Имом Ҷалолуддини ас-Суютӣ, яке аз соҳибони «Тафсири Ҷалолайн» дар китоби худ «Табйизи-с-саҳифа би маноқиби-л-имом Абўҳанифа» мегўяд, ки ин ҳадис дар ҳаққи Имоми Аъзам Абўҳанифа аст, зеро ҳеҷ касе ҳамдўши Имоми Аъзам дар мақоми илм набуд. Дар ҳақиқат, ин пешгўии таҳаққуқёфтаи паёмбари ислом (с) дар ҳаққи тобеин аст. Ва ифтихори барҳаққи миллии мо аст, ки ин аҳли илм ин ҳадисро ҳамчун башорат ба мақоми фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Имоми Аъзам Абўҳанифа маънидод кардаанд. Барои мо муҳимтар он аст, ки дини мубини ислом, принсипҳои умумибашарии он дар ташаккули шахсиятҳои таърихии мутааллиқ ба қавмҳои гуногун шароити маънавии муносиб муҳайё сохта, аз тариқи онҳо мероси бузурги фарҳангии ҷаҳоншумулро ба вуҷуд овардааст. Ва яке аз чунин шахсиятҳои беназир фақеҳи муҷтаҳид Имоми Аъзам мебошад. Бояд зикр кард, ки Нўъмон ҳам номи Абўҳанифа ва ҳам номи бобои ўст. Ривоят аст, ки Нўъмон – бобои Абўҳанифа дар рўзи Иди Меҳргон ба Амирулмўъминон — Ҳазрати Алӣ ибни Абўтолиб ширинӣ (шаҳд) ҳадя кард ва он ҳазрат дар ҳаққи ў дуои баракат ва фарзандон ва маволаш намуд ва гуфт «меҳраҷонан кулла явмин», яъне «ҳар рўз Меҳргон бод». Ба ривояти дигаре ин ҳодиса дар рўзи иди Наврўз ба амал омадааст. Аз ин ҷо ба тахмине сухани машҳури «ҳар рўзатон меҳргон» ва ё «ҳар рўзатон Наврўз бод» реша мегирад. Ин дар шароите, ки баъзе гароишҳои радикалии динии он замон дар мавриди бо кароҳият қабул намудани арзишҳои тоҷикӣ – форсӣ, махсусан нисбат ба идҳои Наврўз ва Меҳргонро мушоҳида мегардиданд ва ҳатто гоҳ-гоҳе имрўзҳо ба назар мерасанд. Чуноне ки мебинем, ҷадди (бобои) Абўҳанифа ҳанўз дар ибтидои ислом, сарфи назар аз муносибати манфии баъзе гурўҳҳои ифротӣ барои ҳифзи ҳувияти фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ мекўшид ва он аз ҷониби амиралмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб пазируфта шуда буд. Аз Ибни Сирин — фақеҳ ва муҳаддиси тобеъини басра ҳатто чунин ривоят мешавад, ки Алӣ ибни Абўтолиб аз рўи эҳтиром ба фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ нисбат ба рўзи иди Наврўз хушнудӣ карда, дуо намуда будаанд, ки Худо ҳар рўзро Наврўз бигардонад. Муносибати ҳақиқии дини мубини ислом нисбат ба фарҳанги миллатҳои исломӣ бар асли таҳаммулпазирии фарҳангӣ асос меёбад. Ва бояд чунин ҳам бошад. Мансубияти исломӣ ҳаргиз маънои инкори мансубияти фарҳангии миллатҳои мусулмонро надорад. Худои Таоло бандагони худро аз лиҳози фитрӣ гуногун офаридааст. Қабул накардани ин асл ба ҳукми оят инкори ҳикмати офариниш аст. Хилофати исломӣ дар баробари тавсеа ёфтани худ ба фарҳангҳои қавмҳои манотиқи фатҳшуда рў ба рў гашт. Дар баъзе мавридҳо бошад, вобаста ба боло гирифтани масъалаҳои сирф сиёсӣ, махсусан пайвастшавии масъалаи салтанату ҳокимият бо асли арабигароӣ, худшиносии халқҳои дигари қаламрави хилофат бар асоси фарҳангҳои бумӣ қувват мегирифт. Дар ин давра ҳаракатҳои сиёсии истиқлолҷў, муборизаи зидди зулму истибдод, ошўбҳои халқӣ дар хилофат хеле зиёд шудаанд, норозигӣ аз хилофати уммавиҳо афзуд. Ҳаракати пуриқтидори истиқлолиятхоҳӣ бо номи шуубия, ки ҷанбаи фарҳангӣ низ дошт, хилофатро фаро гирифт. Маҳз зери таъсири ин ҳаракат хилофати уммавиҳо аз байн рафт ва хилофати аббосиҳо сари қудрат омад. Аммо хилофати аббосиён низ умеди мардумро иҷро накард ва сазовори дастгирии мардум қарор нагирифт. Имоми Аъзам, ки ба ҳаракати шуубия бо назари нек нигоҳ мекард ва беадолатиҳои хилофати аббосиёнро дида, ба халифаи аббосӣ низ байъат накард ва мансабҳои пешниҳодкардаи ўро рад намуд. Дар саҳнаи дин холигоҳи васеъ эъҷод гашт ва халқҳои дигар дар баробари дур шудан аз салтанати сиёсӣ (ҳукумат) барои ҳифзи шарафи миллӣ ва тақвияти худшиносии қавмии худ майдони илму фарҳанг, махсусан саҳнаи динро ихтиёр намуданд. Фақеҳ ва муҳаққиқи исломшиноси араб шайх Муҳаммад Абўзаҳро дар ин маврид чунин мегўяд: «Арабҳо дар замони салтанати уммавиҳо ҳукумат ва салтанатро дар даст ва ҷангу набардро ба ўҳда доштанд. Онҳо ба ин умур машғул гашта, ба омўзишу таҳқиқ, пажўҳишу жарфнигарӣ напардохтанд. Маволӣ (ғуломони озодшуда, махсусан аз ақвоми Аҷам) ин холигоҳи муносибро дида, онро бо омўзишу таҳқиқ, донишомўзӣ пур намуданд. Онҳо диданд, ки ҳукуматро аз даст доданд, пас бояд шарафро аз роҳи дигар ба даст биёранд. Ин роҳ илму маърифат буд. Воқеан, баъзан маҳрумӣ ба камолот ва мақсадҳою корҳои бузург мерасонад. Ин сухан нисбат ба маволӣ дуруст аст, ки онҳо сарвариро дар андешаи арабии исломӣ ба даст оварданд, дар ҳоле ки пирўзии моддӣ насиби арабҳо шуда буд».Бояд қайд кард, ки пешоҳанги маволӣ мардуми форс буданд, ки сарварии онҳо насиби фарзанди халқи тоҷик Абўҳанифа гашт. Иловатан қобили таъкид аст, ки пешгўиҳои паёмбари ислом (с) беш аз пеш нисбат ба аҷамиҳо, аз ҷумла тоҷикон таҳақуқ ёфтанд. Бузургони халқи тоҷик, ба хусус Имоми Аъзам бо дарки амиқи ҳикмати илоҳӣ ва бо истифода аз арзишҳои фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ ҳақиқату мақсади ҳадиси дар боло зикршударо татбиқ намуданд ва собит сохтанд, ки танҳо бо роҳи гаравидан ба таҳқиқи улуми замон аз тариқи парҳез аз даргир шудан дар умури сиёсӣ ва тарки васвасаҳои ҷоҳу ҷалолталабӣ ба авҷи камолоти динию дунявӣ расидан мумкин аст. Шахсияти Имоми Аъзам таҷассуми ҳамин ҳақиқат мебошад. Аз омўзиши таълимоти Абўҳанифа бармеояд, ки ў ба илму осори фарҳангии Аҷаму Юнон эҳтироми махсус дошт. Истифодаи усули қиёс, ки ба мантиқи Арасту наздик аст ва урф ҳамчун сарчашмаҳои фиқҳӣ аз таваҷҷўҳи имом ба илму фарҳанги Юнону Аҷам дарак медиҳад. Аз таърихи ислом маълум аст, ки қиёсро пешиниён – асҳоб ва тобеин дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ истифода мекарданд, вале қиёси онҳо дар шакли тамсил – ҳаммонандсохтан бо амали паёмбари ислом (с) буд, вале қиёс дар фиқҳи Абўҳанифа ҳам, чуноне ки дар мантиқи Арасту ба сифати раъй ва истиқлоли мустақил мушоҳида мешавад. Маҳз бо кўшиши Абўҳанифа равиши истидлол ва раъйи озод дар фиқҳи исломӣ ҷой мегирад ва даврае оғоз мешавад, ки онро Ибни Халдун, муаррихи бузурги араб «давраи фалсафӣ» дар фиқҳи исломӣ номидааст. Фиқҳи эътиқодоти Абўҳанифа аз ҷумла «Фиқҳи акбар» дар нусуси нақлӣ ва далоили ақлӣ бино шудааст. Ҳамин таваҷҷўҳ ба фарҳанг ва улуми асри худ Абўҳанифаро дар сафи беҳтарин донишмандони замони худ ҷой додааст. Вале ў пешаи асосии худ илми фиқҳро қарор дод, зеро ба гуфтаи худи Имоми Аъзам «дар ў нафъи зиёд асту ҳеҷ зиёне нест». Таҳаммулпазирӣ аз нуктаи муҳими таълимоти ў буда, ҳатто далелҳои худро бо назари динҳои дигар асоснок мекунад. Масалан, ба назди ў бо шикоят омаданд, ки касе худро мусулмон мегўяду талаботи исломро ба ҷой намеорад, ҳатто назари насоро ва яҳудро дар бораи имон дуруст мешуморад. Имоми Аъзам дар ҷавоб бо далелҳо исбот мекунад, ки ҳақ бо ўст, зеро тавҳид дар назди онҳо низ мўътабар аст ва гуфтаҳои онҳо айни имон мебошанд. Дар воқеъ, муҳимтарин рукнҳои имон тавҳиди худованд, нубувват, миод дар ҳар се дин: ислом, масеҳият, яҳудият эътироф шудаанд. Инкишоф ва тавсеа ёфтани дини мубини ислом ва тадриҷан ба мафкураи расмии хилофат ва ҷараёнҳои идеологӣ ва сиёсӣ табдил ёфтани консепсияҳои мухталифи ақидатӣ ва фиқҳии он ва дар ин асос тақвият ёфтани раванди ягонаи тамаддунофаринии арабӣ-исломӣ эҳтимоли бархўрди фарҳангҳо ва тамаддунҳоро пурра аз байн набурд. Балки баръакс, таассуботи қавмӣ, динии ҳизбӣ ва фирқавӣ бо омехтагии арзишҳои фарҳангӣ ва хусусиятҳои тамаддунӣ низоъҳои нави динӣ — сиёсӣ ва идеологиро ба вуҷуд оварданд. Ин гуна ихтилофот сабаби ошўбҳои иҷтимоӣ гашта, метавонистанд ҷомеаи замони худро ба нобудӣ баранд. Аз лиҳози ҳуқуқӣ бошад, мардуми ғайриараб, бахусус маволӣ аз ақвоми Аҷам бинобар зери зулми шадиди сиёсӣ қарор доштан дар такя ба ҳувияти фарҳангии худ ва дар муқовимат алайҳи истибдоди сиёсии ҳокимони ғайритоҷики замон саҳми бузург гузоштанд. Низои фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар қаламрави ислом аз нав хуруҷ намуд. Фитнаи такфир, яъне кофир хондани мусулмон мусулмонро уммати исломиро фаро гирифт. Фирқаҳо ва аҳзоби динӣ чунон зиёд шуданд, ки ҳар кадом ба кофир ҳисобидани мухолифони ақидавӣ ва сиёсии худ мешитобид ва муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ медонист. Дар чунин вазъият аввалин шахсе, ки гуфтугўи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ намуд, Имоми Аъзам Абўҳанифа буд. Ў мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ намуд, ки рафъи низои тамаддунҳо дар чорчўби шаръии инкишофи тамаддуни умумиисломӣ осон гардонд. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдеро дар чорчўбаи ислом нигоҳ дошта, қаламрави нуфузи онро васеъ намуд. Умуман, гуногуншаклии мазҳабҳои фиқҳӣ дар ислом низ самараи гуфтугўи тамаддунҳо ва фарҳангҳои олами ислом аст, ки он дар навбати худ заминаҳои шаръии онро муҳайё сохтааст. Ҳикмати ҳаёт аст, ки агар аз таърих сабақ нагирӣ, фоҷеаҳои он такрор мешаванд. Имрўзҳо дар бораи низои тамаддунҳо ҳамчун падидаи глобалӣ гап мезананд. Аммо ин проблемаи дохилиисломӣ низ ҳаст. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ба имтиҳони ҷиддӣ дучор гаштааст. Барои он ки ин мушкил шадидтар нагардад, бояд ба тамоми мазҳабҳои фиқҳии эътирофшуда эҳтиром гузошта шавад. Мутаассифона, имрўзҳо баъзе равияҳои радикалии диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Ба назари мо ин фикри хато ва хом аст. Баръакс, гуфтугўи мазҳабҳо дар чорчўби тамаддуни умумиисломӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддунии миллатҳои исломӣ зарурати ҳаётӣ ва роҳи ягонаи ҳалли проблемаи мазкур мебошад.Таваҷҷўҳи мо ба масъалаи мазкур низ бартариҷўии мазҳабӣ намебошад. Ба мазҳаби ҳанафӣ мо пеш аз ҳама ба хотири он таваҷҷўҳ зоҳир мекунем, ки ба воситаи он ҳамчун падидаи фарҳангӣ ба худшиносии миллӣ самти дуруст бахшем ва таҳаммулпазирии диниро нисбат ба ҳувиятҳои фарҳангии халқҳои Тоҷикистон асоси стратегияи ваҳдати миллӣ қарор диҳем.Зимнан, мо дар сиёсати давлатии худ асли дунявиятро қотеъона ҳифз мекунем ва инкишоф медиҳем, диндории шаҳрвандонро кори хусусӣ меҳисобем ва аслҳои озодии эътиқодро тарафдорӣ карда, онҳоро дар амал тадбиқ месозем. Дар ҳақиқат ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои динии инсон ва шаҳрвандро таъмин ва ҳифз менамояд. Аммо аз ин ҳуқуқ ва озодиҳо набояд сўиистифода шавад ва онҳо бар зидди манфиатҳои миллӣ равона гарданд ва ё ба татбиқи принсипҳои инкишофи худшиносии миллӣ халал расонанд. Бунёд гаштани ҳазорон масҷид барои ибодати мардуми мусулмони кишвар ва даҳҳо ибодатгоҳҳои ғайриисломӣ татбиқи амалии аслҳои озодии виҷдон буда, бешубҳа намунае аз нишонаҳои созандагии стратегияи ваҳдати миллӣ мебошад. Алҳол дар кишвар расман зиёда аз се ҳазор масҷиди ҷомеъ ва масҷиди намози панҷвақта ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият доранд. Аз рўи шумораи аҳолӣ чунин ба назар мерасад, ки дар камтар кишвари исломӣ ин теъдод масҷид метавонад вуҷуд дошта бошад. Инро бояд қадр намуд ва шукронаи истиқлолияти миллиро ба ҷо овард. Зеро то замони истиқлолият мардуми мусулмони Тоҷикистон кафолат ва таъмини чунин озодиҳо ва ҳуқуқҳои диниро, ҳатто, имкони орзу кардан надошт. Дар баробари ин фаъолияти масҷидҳоро берун аз чорчўбаи арзишҳои миллӣ тасаввур кардан иштибоҳи маҳз аст. Дар онҳо бояд чунин шахсиятҳои миллӣ тарбия ёбанд, ки миллати тоҷикро, чун дар гузашта, дар байни дигар миллатҳои мусулмон бо хислатҳои воло – парҳезгорӣ аз ҳар гуна таассуб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ муаррифӣ карда тавонанд. Масҷид ҳар чанд ҷои ибодат аст, боз метавонад саҳми арзандае дар тарбия, ташаккули худшиносии мардум дошта бошад. Дар мавъизаҳои хатибони масҷидҳо бояд масоили фарҳанги миллӣ, тарбияи ахлоқӣ, ватандўстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва исломӣ мавқеи муҳим дошта бошанд. Дар масҷидҳо китобхонаҳо бунёд карда шуда дар истифодаи мардум қарор дода шаванд, ҳамкории масҷидҳо бо муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ бо мақсади бархурдорӣ аз арзишҳои фарҳангӣ ва илмӣ ривоҷ пайдо кунад. Дар айни замон набояд фаромўш кард, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ин рукни асосии давлатдории миллӣ ҳисоб мешавад. Дин кори хусусии ҳар як шаҳрванд ва инсон буда, аз эътиқоди озоди ҳар кас бармеояд. Диёнати шахс маҷбурӣ ва таҳмилӣ шуда наметавонад. Ба дин дохил шудан ва аз дин хориҷ шудан ба иродаи худи шахс вобаста буда, ихтиёрӣ аст.Бояд зикр кард, ки Қуръони карим низ дар масъалаи интихоби дин ихтиёрдории шахсро рукни асосии муносибати банда ба Худо ҳисоб мекунад. Худои Таъоло дар ояти 256-уми сураи «ал-Бақара» мефармояд: «Ло икроҳа фи-д-дини», яъне дар дин маҷбуркунӣ нест. Дар ин ҷо низ озодии банда асосӣ аст. Худо ғанию бениёз аст ва ба маҷбур кардани шахс ба дин ва ё маҷбуран монондани шахс дар дин эҳтиёҷ надорад.Асли дунявиятро низ бояд чун бетарафии давлат ба интихоби шаҳрвандон оид ба дину диёнат фаҳмид. Мутаассифона, баъзеҳо асли дунявиятро ҳамчун бединӣ ё зиддидинӣ маънидод мекунанд, ки хатои маҳз аст.Як нуктаи дигарро низ таъкид карданиям, ки асли дунявият моҳияти конститутсионӣ дорад ва он тағйирнопазир аст. Райъпурсии мардумӣ се маротиба ин ҳақиқатро собит сохт. Давлатдории миллиро бе ин асос тасаввур кардан мумкин нест. Аз ҷумла, дар такя ба ҳамин асл мо метавонем суботи ҷамъиятӣ, истиқлолият ва амнияти миллиро таъмин намоем, арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои инкишофи минбаъдаи давлати Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам созем.Дар робита ба масъалаи тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ асли дунявият маънои махсусро пайдо менамояд. Шахс баъди муайян намудани диёнати худ, хоҳ ба танҳоӣ ва ё хоҳ якҷо бо дигарон, наметавонад масъулияти умумиҷамъиятӣ ва умумиинсониро фаромўш намояд. Иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери динидошта низ наметавонанд аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон суиистифода намоянд. Дин ва диёнатро парчам ва ё шиори муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ, васила ва роҳи дунёпарастӣ қарор додан, мутташаниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ хоҳад шуд. Зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад. Уммати исломӣ шоҳиди ҳол аст, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ гурўҳ ва фирқаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо суиистифода аз ҳиссиётҳои поки динии мардум ва пуштибонӣ аз ҳомиёни берунии худ вазъияти ҷамъиятиро муташанниҷ сохта, бо баҳонаи диндорӣ ё бединӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро ҳамчун ҷанги «куфру имон» дар медиҳанд.Халқи тоҷик низ ба ҳамин сабаб ба офате чун ҷанги дохилӣ гирифтор шуд. Аммо фарҳанги сулҳҷўёнаи миллӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ ва мардумӣ дорад, вайро аз ин балои сахт раҳоӣ бахшид. Аз ин ҷиҳат, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ, шинохти дурусти ҳувияти таърихӣ, қадр кардани мероси фарҳангии бузургони худ асоси ҳаётии ташаккул ва худшиносии миллӣ мебошад. Миллат то худро нашиносад, дўсту душман, рафиқу рақиби худро муайян карда наметавонад.Мо намегўем, ки гузаштаи халқи тоҷик аз гузаштаи халқҳои дигар беҳтар аст. Мо мегўем, ки беҳтар набошад, бадтар ҳам нест ва зиёдтар набошад, камтар ҳам нест. Аммо яқин аст, ки имрўзи мо аз гузаштаи фарҳангиамон бояд беҳтару ғанитар бошад. Танҳо бо шинохтан ва фаро гирифтани мероси фарҳангии гузаштагонамон ҳаёти маънавии халқамон беҳтару комилтар мегардад.Асли дунявият дар робита ба масъалаи худшиносии таърихии миллати тоҷик чунин маъно дорад, ки мо ба мероси фарҳангии бузургони худ аз рўи муносибати онҳо ба фарҳанги умумибашарӣ менигарем. Танҳо аз ҳамин мавқеъ аҳамияти таърихӣ ва амалии мероси фарҳангиро барои имрўзи миллати тоҷик дуруст шинохтан мумкин аст. Дар ин мероси исломӣ бузургони халқи тоҷик истисно буда наметавонанд. Дини ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намудааст. Ислом танҳо бо шамшер паҳн нашудааст. Дин ва фарҳанг бо шамшер паҳн намешаванд. Ислом ба воситаи фарҳангҳои бумӣ, фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.Таърихан, халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ дар ҳошияи ҳаёти фарҳангии исломӣ қарор надошт. Аз ин рў, бе шинохти нақши бузургони халқи тоҷик дар фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ҳувияти миллии мо ноқис хоҳад монд. Ин холигоҳро бо шинохти саҳми бузурги фарзандони миллат дар инкишофи фарҳанги исломӣ, бахусус фиқҳ, калом ва тасаввуф, пур кардан мумкин аст. Намунаи барҷастаи онҳо Имоми Аъзам мебошад. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки аз асосгузорони мазҳабҳои фиқҳие, ки дар олами ислом маъмул ва эътирофшуда мебошанд, ҳама араб буда, танҳо Имом Абўҳанифа тоҷик буд. Шоёни зикр аст, аз нисф зиёди мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби фиқҳии Имоми Аъзам мебошанд. Ва ин нукта низ аз ҳақиқат дур нест, ки маҳз муҳити фарҳангии аҷамӣ ва парҳезгории Имом Абўҳанифа аз васвасаҳои сиёсӣ, дурӣ ҷустани ў аз мансабҳои давлатӣ дар хилофати Умавиҳо ва Аббосиҳо имкон дод, ки фиқҳи таҳаммулгароро ба замони худ пешниҳод намояд. Имоми Аъзам барои густариши ислом дар байни қавмҳои ғайри араб хидмати беназир намудааст. Бешубҳа, таҳаммулпазир будани мактаби фиқҳии ў боиси гароиши қавмҳои зиёде ба ислом гардидааст. Аз ин рў метавон гуфт, ки Имоми Аъзам «шамшери ислом»-ро ба фарҳанги исломӣ иваз намуд ва қавмҳо дини исломро осону таҳаммулпазир дарёфта, ба он гурўҳ-гурўҳ гаравиданд. Бозшинохти ин шахсияти бузург, ки мансубияти қавмиаш ба халқи тоҷик марбут аст, ҳаргиз бо иллати ғурури миллӣ ва таассуби мазҳабии мо нест. Аммо шарафёб шудан ва ба ин восита худро ба ҳамдигар шиносонидани халқу миллатҳоро, чунон ки зикр гардид, Худои таоло раво медонад. Имоми Аъзам Абўҳанифа бар пояи ин асли қуръонӣ эҳтироми ҳувияти фарҳангии қавмҳои дигарро таъмин намуд. Маҳз ба ҳамин хотир Абўҳанифа ба забони қавмҳои ғайриарабӣ, махсусан, забони тоҷикӣ, мақоми хоса бахшида, аҳамияти онро барои решадор сохтани фарҳанги қуръонӣ дар дилҳои мардум бисёр зарур мешуморид. Аз ин ҷиҳат, тавваҷўҳ додан ба масъалаи забон дар фаъолияти масҷидҳо ва ахамияти он барои ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ, хифзи асолати миллии забон дар мавъизаҳои ходимони дин бояд ҳамеша дар мадди назар бошад. Бо забони модарии худ бо Парвардигор розу ниёз гуфтан, зикру дуо карданро шариат ба ҳукми оят аз корҳои писандида донистааст. дар замони Имоми Аъзам Абўҳанифа, тавре ки зикр гардид, дар байни фирқаҳои мухталифи исломӣ такфири якдигар маъмул гашта, расмият пайдо намуда буд.Мутаассифона, чунин амали зишт ба баъзе фирқаву ҳизбҳои исломии муосир низ хос мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хатари калон дорад.Имоми Аъзам Абўҳанифа имонро иқрору тасдиқ дониста, гуноҳи шахси мусулмонро, агарчи он аз кабоир бошад, сабаби хориҷ гаштани он аз имон намеҳисобад. Барои дин муҳим он аст, ки гунаҳкор гуноҳи кардаашро эътиқодан ва шаръан ҳалол, қонунӣ наҳисобад. Аз ин рў, дар ҳаққи мусулмон такфирро раво донистан амали зиддиқуръонӣ аст. Ҳамаи мусулмонон Қуръони каримро, ки он конститутсияи диниашон мебошад, бояд риоя кунанд. Риоя нагаштани он боиси барангехтани кинаву адовати динӣ шуда, оқибатҳои вазнинро ба бор меорад.Умуман, барангехтани кинаву адовати динӣ ва дар ин асос ба вуҷуд овардани низои динӣ аз назари Имоми Аъзам амри номашрўъ аст. Аз Абўюсуф, шогирди Абўҳанифа, ривоят шудааст: Мо боре дар назди Абўҳанифа нишаста будем ва гурўҳе ду нафарро (аз уламои дин) оварданд ва гуфтанд, ки яке аз махлуқ будани Қуръон қоил аст ва дигар бар қидам, яъне махлуқ набудани он. Онҳо аз Абўҳанифа ҳукмро нисбати ҳар дуи онҳо суол карданд. Абўҳанифа ҷавоб дод: «Аз паси ҳар дуи онҳо намоз нагузоред». Онҳо гуфтанд: «Дар ҳақиқат ин ҳукм нисбати шахси аввал дуруст аст. Аммо чаро нисбати дуввумӣ, ки ҳақ буд, чунин ҳукм раво шуд?» Абўҳанифа ҷавоб дод: «Барои он ки онҳо дар дин низоъ ба вуҷуд оварданд, ки мунозаа бидъат аст, яъне нораво мебошад». Ин ҳукми Абўҳанифа аз асли қуръонӣ бармеояд, ки мақсади он ҳифзи ягонагии мардуми мусулмон, субот ва амнияти ҷамъиятӣ мебошад.Решаи ифротгароӣ ва терроризм дар ҷаҳони имрўза дар бенавоӣ, бекорӣ, маҳрумиятҳо аз арзишҳои фарҳангӣ ва маърифати мебошад. Азбаски сатҳи зиндагӣ ва имкониятҳои фарҳангӣ, маърифатӣ дар бисёр кишварҳои исломӣ паст буда, мардум аз неъматҳои онҳо маҳруманд, дар он ҷо фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ифротӣ имконпазир мебошад. Мутобиқи маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид аз рўи Индекси тавсиаи инсонӣ ҳамаи 40 кишваре, ки аксари аҳолии онҳо пайравони исломанд, дар ҷои паст қарор гирифтаанд. Аз кишварҳое, ки аз истеъмори мустамликадорон озод шудаанд ва истиқлолият ба даст овардаанд, ягон тоаш ба ҳадди кишварҳои пешрафта нарасидааст. Ҳамаи ин нишонаи он аст, ки дар ин кишварҳои ба вуҷуд омадани созмонҳои ифротӣ аз имкон дур нест. Вале дур шудан аз ифрот бо рушди фарҳанги миллӣ ва динӣ имкони воқеӣ пайдо мекунад. Зеро мероси миллӣ, динӣ, аз ҷумла мероси исломӣ ва талаботи дини мубини ислом метавонад чунин заминаи устувори маънавӣ гардад. Дар ҷаҳони имрўза аксари муассисаю созмонҳои динӣ рў ба гуфтугў ва муколама ниҳоданд. Калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ майл ба ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои исломӣ дар масъалаҳои муҳими замон: пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза ба бемориҳои сангини аср, мубориза бо терроризм, расонидани кўмак ба мардуми камбизоату бенаво ва ғайраро доранд. Онҳо ва инчунин созмонҳои исломӣ дар фикри онанд, ки фарқиятҳои эътиқодӣ набояд монеъа ба ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ, маориф ва тандурустӣ, фарҳанг гарданд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзистӣ ва гуфтугўи динҳо решаи амиқ дошта, ҳеҷ гуна низоъ ва хушунат дар байни онҳо мушоҳида намешавад. Хурсандибахш аст, ки созишу таҳаммули якдигар ва сулҳу сафо дар байни онҳо ҳукмрон буда, намунаи ибратбахши иттиҳоди халқҳои моро ба субут мерасонанд. Дар ҷаҳони ислом низ тамоюле қувват пайдо кардааст, ки пайравони динҳои гуногун дар аслҳои миллӣ ва фарҳангӣ бо ҳам муттаҳид мешаванд. Масалан, адибон ва мутафакирони масеҳимазҳаб дар инкишофи забон, адабиёти бадеӣ ва фарҳанги миллии араби саҳми бештаре гирифта истодаанд. Аз ҷумла адибон Салим Бустонӣ, Насиф ал-Язиҷӣ, Ҷорҷ Зайдон, Фарах Антун ва дигарон дар ин ҷанба фаъолияти муасир нишон додаанд. Ин амалест, ки мутафаккирони тоҷик дар асрҳои миёна барои инкишофи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҳам барои инкишофи фарҳанги исломӣ анҷом додаанд ва намунаи барҷастаи он осори Имоми Аъзам аст.Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунад, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шаванд, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кўмак намоянд. Китоби муқаддас – Қуръони карим, андешаҳо ва аъмоли мутафаккирони исломӣ, манобеъи саршор аз баёнот дар бораи ваҳдати иҷтимоӣ, фарҳанг ва ахлоқ аст ва шомили мизонҳое ҳастанд, ки дар байни мардуми мавқеи устувор доранд. Дини ислом мазҳари ҳукми рўҳонӣ ва ахлоқӣ аст, ки метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат кунад. Он дар якҷоягӣ бо андешаи миллӣ метавонад ҳамаи сатҳҳои зиндагии мардумро фаро гирад ва ба маҷрои солими такомул ва пешравӣ равона кунад.Шарти бақои ҳар миллат, ҳар давлат бар асари ихтилофот низоъ накардани мардумони онҳо мебошад. Ба мардуми мусулмон ин беш ва пеш аз ҳама дахл дорад. Қуръони карим мефармояд: «Ва атиу-л-лоҳа ва расулаҳу ва ло танозау фа тафшалу ва тазҳаб риҳукум ва – сбиру инна-л-лоҳа маа-с-собирин» — «Аз Худо ва паёмбараш итоат кунед ва бо ҳам низоъ макунед, ки заиф мешавед ва ҳайбати шумо аз байн меравад. Сабр кунед ва Худо бо шикебоён аст». (Сураи Анфол, ояти 46). Тавре ки дидем, Имоми Аъзам Абўҳанифа рўҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии уммати исломӣ, бартараф намудани ҳар гуна ифроту тафрит дар масъалаҳои марбут ба ақида ва фиқҳи исломӣ, ҳифзи асолати фарҳангии қавмҳои гуногуни ҷаҳони ислом, махсусан урфу одатҳои мардумӣ, ҳамчун сарчашмаи қонунгузории динӣ тамоми нерўи ахлоқӣ ва ақлонии худро бахшидааст. Ў аввалин ва ягона тоҷике аст, ки равияи ақлонии фиқҳии исломиро поягузорӣ намуда, мактаби худро бунёд намудааст. Дар шароити имрўза ба мақсади риоя ва татбиқи принсипи гуфтугўи динҳо ва фарҳангҳо шинохти мероси бебаҳои ин фақеҳи бузург, ҳам барои миллати тоҷик ва ҳам барои тамоми халқҳои мусулмон, аҳамияти бузургеро дорад.