ФОИДАИ СОФИ БОНК КАМ ШУД

Январь 24, 2009 11:55

                    Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк ва филиалҳои он дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои асосии соли 2009 муайян карда шуданд. Ба муассисаҳои бонк дастур дода шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 маблағи хароҷотро то ҳадди имкон кам карда, сифати хизматрасониро ба мизоҷон аз рӯи талаботи онҳо беҳтар намоянд.                    Маҷлиси ҳайати мушовараи «Ориёнбонк» натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк ва филиалҳои онро дар соли 2008 қаноатбахш шуморид. Дар маҷлис ҳисоботи солонаи роҳбарияти бонк, ҳисоботи бухгалтерӣ ва ҳисоботи даромаду хароҷот муҳокима карда шуданд.                   Даромади бонк то 1 январи соли 2009 — ум 196,5 миллион сомониро ташкил намуда, дар давоми соли гузашта 19, 7 фоиз афзуд. Дар баробари ин фоидаи софи бонк вобаста ба кам шудани вуруди маблағ дар нимаи дуюми соли гузашта ва таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ 57 фоиз кам шуд.                                                                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А.

Январь 24, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад