ФУТБОЛ: САРМУРАББИИ НАВИ ТИМИ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 янавр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мураббиёни тими мунтахаби олимпии ҷумҳуриро барои соли нав интихоб кард. Аз ФФТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба вазифаи сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон мураббии хизматнишондодаи ИҶШС оид ба футбол Шариф Назаров интихоб шуд. Ӯ дар ин мансаб Салоҳиддин Ғафуровро иваз кард. Инчунин, ба ҳайати мураббиёни ин тим Ибодулло Қаюмов ва Носир Ҳамидов шомил шуданд. Дар нақшаи аввали ҳайати нав омода намудани тими мунтахаби олимпӣ ба 2-умин Бозиҳои Исломӣ (Эрон) ва бозиҳои интихобии олимпӣ 2012, ки дар Лондон баргузор мегарданд, масъалаи асосӣ ба шумор меравад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






