ГЕОЛОГҲО ҲАМ СОЛРО ҶАМБАСТ КАРДАНД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геология оид ба ҷамбасти соли 2008 доир гардид. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти идораи мазкур муҳокима гардид. Зикр шуд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рўи 37 лоиҳа ба маблағи 2,180,000.00 сомонӣ ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 280,000.00 сомонӣ зиёд корҳоро иҷро кардааст.Инчунин корҳои шартномавиро аз рўи 58 лоиҳа дар ҳаҷми 5,428,056.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 1,313,295.00 сомонӣ зиёд иҷро намудааст. Корҳои пудратӣ низ ба маблағи 53,247.00 сомонӣ ба анҷом расонидаанд. Дар маҷмўъ бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 7,554,809.00 сомонӣ, ё худ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,632,948.00 сомонӣ зиёд корҳоро анҷом дода, суръати афзоишро ба 128% расонид.Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар давраи ҳисоботӣ идораи зикршуда ба маблағи 1,864,295.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 634,098.00 сомонӣ зиёд ба буҷа андоз супорид. Музди миёнаи меҳнат дар Саридораи геология 274 сомониро ташкил медихад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 сомонӣ зиёд аст.Солҳои охир геологҳои ҷумҳурӣ дар амалисозии чандин лоиҳаҳои иктишофӣ — геологии аз ҳисоби буҷет ва инчунин ба воситаи шартномаҳо маблағгузоришаванда ҳисса гузошта, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда доранд. Дар натиҷа захираҳои 1 кони тилло, 1 кони ангиштсанг, 3 кони семент, 9 кони гилхок ва 14 кони қуму шағал ҳисобӣ шуда ба баррасии Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (КДЗ) пешниҳод гардидаанд.Тавре, ки дар боло қайд гардид, кормандони Саридора, захираи якчанд конҳои тилло, ангиштсанг, ашёи сементӣ, гилхок ва қуму шағалро ҳисобу китоб намуда, дар тарози давлат қабул карда, ба соҳибкорони ватанӣ пешниҳод намуданд, ки дар асоси онҳо 18 адад корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба монанди хишт, қуму шағал, семент, ангишт ба кор дароварда шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ пайдо гардиданд.Дар асоси кони тиллои Покруд, ки дорои захираи зиёда аз 28 тонна тилло буда ба тарози давлат қабул гардид, соли 2009-ўм корҳои лоиҳакашӣ оғоз ёфта барои сохтани фабрикаи бойгардонии тилло замина гузошта мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






