ГУЗОРИШИ МАТБУОТИИ АГЕНТИИ ҲИШАМ
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Баҳриддин Ҷабборов, Агентӣ фаъолияти худро дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар роҳи татбиқ намудани талаботи онҳо дар соли 2008 дар бисёр корҳо муваффақ гардид. Дар соли 2008 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 2593 нафар шаҳрвандони корҷӯ, ки хоҳиши ташкили корҳои фардӣ ва рушди соҳибкориро доштанд ба маблағи 4124788,5 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Дар ин давра аз тарафи мақомоти Агентӣ ба 2956 нафар шаҳрвандон ба маблағи 1084129 сомонӣ кӯмакпулӣ оид ба бекорӣ пардохт карда шудааст. Ҷиҳати амалӣ шудани «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои соли 2008- 2009» ба 8080 нафар ҷиҳати касбомӯзӣ роҳхат дода шуд. Фаъолияти Агентӣ соли 2008 дар беҳдошти зиндагии мӯҳтоҷон беҳтар гардид.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






