ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАҲСИЛ БА ЯПОНИЯ МЕРАВАНД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соли равон дар асоси ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Япония 5 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил дар магистратура ба Донишгоҳҳои Япония фиристонида мешаванд», гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ Ҷумъа Давлатов. Фиристонидани хизматчиёни давлатӣ ба Япония дар асоси барномаи кӯмаки бебозгашт ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, номазадҳо дар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Аллакаай 5 нафар корманди хизмати давлатӣ бомуваффақият аз озмун гузаштанд. Яке аз шартҳои асосии озмун донистани забони англисӣ мебошад. Тибқи иттилоъи Ҷ. Давлатов дар маҷмӯъ тариқи ин барнома то соли 2012 дар 4 давра 20 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил дар магистратураи Донишгоҳҳои Япония, ба ин давлат фиристонида мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






