ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ МУВАФФАҚ НАШУДАНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Асомиддин Зоиров, дар ноҳия 9 хоҷагии калони деҳқонӣ: Ориён, Ситораи сурх, Ҳаёти нав, Норин,Чоргул, Даҳана, Озодӣ, Г.Юсупов ва хоҷагии деҳқонии Оби мукӣ фаъолият мекунанд. Тибқи дурнамои хоҷагиҳои деҳқонӣ, соли 2008 ҷамъоварии 32 ҳазору 100 тонна пахта ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он ҳамагӣ 23 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Бо сабабҳои гуногун хоҷагиҳо аз ӯҳдаи иҷрои чиниши пахта набаромаданд. Аз соли нави 2009 сар карда, ҳоҷагиҳои деҳқонӣ барои бартараф намудани камбудиҳои дар соли гузашта ҷойдошта, чораҳо меандешанд, то ки аз муфлисшавӣ раҳо ёфта, ҳеҷ набошад андози нафақа, музди меҳнат ва қарзи хоҷагии обро баргардонанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






