ХОНАНДАИ СИНФИ 9 ДАСТ БА ДУЗДИИ ХОНАҲО ЗАД

Январь 9, 2009 14:49

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Истиқоматкунандаи кӯчаи Навбунёди шаҳри Панҷакент Норгул Шарифоваи 40-сола ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ариза дар бораи ғорат кардани хонааш муроҷат намуд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шахсони номаълум ба тариқи озод вориди хонаи Норгул Шарифова шуда, аз он ҷо 12 руйпуши курпа, 12 руйпуши болишт ва як гушвораи тиллоро дуздиданд.Ҳангоми бурдани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №37-и шаҳри Панҷакент Шукрулло Зиёдуллоеви 15-сола, дастгир гардид. Айни ҳол нисбати ӯ тибқи моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.   

Январь 9, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад