ИДОМАИ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашўр, Раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов ва Директори генералии КВД «Тоҷикэйр» Алимурод Маҳмадалиев ба онҳо оид ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо дар сохтмон ва таҷдиди роҳҳою нақбҳои мошингард, азнавсозии қатораҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарии парвози ҳавопаймо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани бетартибиҳо дар фурўши чиптаҳо ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ аз ҷумла ба самти Аврупо супоришҳои қатъӣ дод.Дастур дода шуд, ки сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва нақби Чормағзак дар соли равон оғоз карда шавад.Ба Директори агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ Маҳмадтоир Зокиров баҳри хотима додан ба тақсими ғайриқонунии заминҳои корам барои сохтмони манзил ва ҷоннок намудани кор дар дигар самтҳои фаъолияти агентӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.Дастур дода шуд, ки як лоиҳаи паст кардани обҳои зеризаминӣ таҳия карда шавад, то ҳолати мелиоративии 56 ҳазор гектар заминҳои обии барои кишт навободшуда, беҳтар карда шавад.Дар ҳисоботи Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зикр гардид, ки дар соли 2009 истеҳсоли бисёр маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва меваю сабзавот нисбат ба соли 2007 хеле афзун шуд. Ин нишондодҳо натиҷаи татбиқи босамари муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод гашт. Зикр гардид, ки муроҷиатнома мавриди дастгирии васеи мардум қарор гирифт ва дар натиҷаи истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ таъмин гардид.Ба Вазири милиоратсия ва захираҳои об Масаид Ҳамидов ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа супориш дода шуд, ки баҳри обёрии заминҳои нав, таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва иҷрои дигар вазифаҳо корҳоро дар сатҳи зарурӣ ташкил намоянд.Ба Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо дастур дода шуд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисон ва муҳайё намудани заминаи муосири моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини мактабҳои деҳот бо муаллимон чораҳои муассир андешанд.Дар ҳисоботи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр гардид, ки дар соли 2008 барои ба шуғли доими таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат 114 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ муҳайё карда шуд. Дар соли равон бошад, тибқи иттилои ў зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои ҳарчи бештар муҳайё намудани ҷойҳои корӣ аз тамоми имконияти мавҷуда бояд хуб истифода карда шавад ва инро роҳи асосии кам кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷӣ маънидод намуд. Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастур дода шуд, ки дар соли 2008 фаъолияти ягон субъекти соҳибкории хусусиро мавриди санҷиш қарор надиҳанд.Ба Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов баҳри омодасозии кадрҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, беҳтарнамоии таъминоти моддии техникии беморхонаҳо ва пурзўр намудани мубориза бо бемориҳои сил супоришҳои қатъӣ дода шуд.Вазири адлия Бахтиёр Табаров вазифадор гардид, ки баҳри баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, беҳтар намудани фаъолияти идораҳои нотариалӣ, беҳтарсозии шароити будубош ва меҳнатӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар самтҳо корҳоро вусъат диҳанд.Дар ҳисоботи Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ зикр гардид, ки татбиқи сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар соли 2008 натиҷаҳои пурсамар оварда, ба баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидати фаъол намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри беҳтарнамоии фаъолияти сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва намояндагиҳои дигари Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Россия ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонамон тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд.«Ҳар сол як маротиба гузаронидани мулоқоти Президенти мамлакат бо сафирони Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шавад ва мўҳлати кори сафир дар як давлат аз 3 сол зиёд набошад, — таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон».Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.