ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН МОҲИ АВГУСТ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Январь 31, 2009 11:14

                     Кобул, 31 январ. (АМИТ «Ховар» — Бохтар).- Комиссияи мустақили мутасаддии гузаронидани интихоботи президенти Афғонистон хабар дод, ки интихоботи президенти ин мамлакат 20 августи соли 2009 баргузор мегардад.Ёдовар мешавем, ки мӯҳлати ваколати президенти ҳозираи Афғонистон Ҳамид Карзай 21 май ба охир мерасад.  Мувофиқи қонун, интихоботи президент бояд моҳи апрел гузаронида шавад. Вале баробари оғози бақайдгирии интихобкунандагон дар масъалаи таъмини амнияти онҳо душвориҳои зиёд ба миён омаданд. Тавре ки маълум аст, айни ҳол вазъияти баъзе вилоятҳои мамлакат, аз ҷумла, Кандаҳор ва Ҳилманд ниҳоят муташанниҷ ва ноором мебошад. Зеро ин вилоятҳо ва минтақаҳои дигари мамлакат то ҳол таҳти назорати «Толибон» қарор доранд.Бинобарин масъалаи ба вақти дигар гузаронидани интихобот ба миён гузошта шуд. Вале аксарияти вакилони парлумони Афғонистон ба ин пешниҳод муқобил баромада, Комиссияи мустақили интихоботро ба ноқобилӣ гунахкор намуданд.                   Комиссияи интихобот то имрӯз қариб 4 миллион интихобкунандаро ба қайд гирифтааст. Ҳол он ки ба ақидаи коршиносони СММ, шумораи аҳолии Афғонистон 25 — 27 миллион нафар мебошад. Шумораи аниқи аҳолии мамлакат умуман маълум нест. Баҳисобгирии саршумори аҳолӣ, ки тобистони соли 2008 ба нақша гирифта шуда буд, баргузор нагашт. Илова бар ин мамлакатҳои мададгори Афғонистон то ҳол барои гузаронидани маъракаи интихобот маблағ ҷудо накардаанд.

Январь 31, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид