ИСРОИЛ ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ХУДРО АЗ ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ БАРОВАРД
Ғаззаҳ, 22 январ. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости» ). — Исроил дирӯз қисмҳои ҳарбии худро аз қаламрави воҳаи Ғаззаҳ пурра баровард. Амалиёти ҳарбии Исроил ба муқобили силоҳбадастони ҷунбиши «Ҳамос» дар ин қисмати Фаластин 22 рӯз давом кард. Аз рӯи хабарҳои расида, айни ҳол дар воҳаи Ғаззаҳ ягон хизматчии ҳарбии исроилӣ боқӣ намондааст. Хизматчиёни ҳарбии мустаъфӣ рӯзи душанбе бароварда шуда буданд. Ҳукумати Исроил қарор дод, ки низомиёнашро дар рӯзи қасамёдкунии президенти тозаинтихоби ИМА Барак Обама аз воҳаи Ғаззаҳ барорад, зеро ин дар оғози фаъолияташ ба президенти ИМА душвориҳо ба миён оварда метавонист. Айни ҳол як қисми ҷузъу томҳои Исроил дар сарҳади воҳаи Ғаззаҳ ҷой дода шудаанд. Ҳадафи ин тадбир пешгирии вазъияти эҳтимолии дубора шурӯъ гардидани амалиёти ҷангӣ мебошад. Исроил ҳанӯз 17 январ хабар дода буд, ки задухӯрдҳои мусаллаҳонаро қатъ менамояд. Роҳбарони «Ҳамос» розӣ шуданд, ки шартҳои мусолиҳаро иҷро кунанд, вале онҳо қатъан талаб намуданд, ки Исроил қисмҳои ҳарбии худро аз воҳаи Ғаззаҳ дар давоми 7 рӯз барорад. Аз рӯи маълумоти манбаъҳои фаластинӣ, дар давоми амалиёти ҳарбӣ қариб 1300 нафар ҳалок шуд. Мақомоти Исроил қарор доданд, ки ба барқарор намудани захираи аслиҳаи ҷунбиши «Ҳамос» роҳ надиҳанд. ИМА ва мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо Исроилро дилпур сохтанд, ки дар ин масъала ба ӯ кӯмак мерасонанд.