ИСТИҚЛОЛИЯТ МАРДУМРО БА НАВОВАРӢ ҲИДОЯТ КАРД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- истиқлолияти кишвар нафақат сохтори давлатдорӣ, балки қиёфаи шаҳру навоҳиро низ дигар кард. Бо баланд шудани дараҷаи иқтисодиёти мамлакат ва аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо намудани як қисми маблағи буҷа барои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳияҳои кӯҳистон имконияти аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тарҳрезӣ шудани барномаҳои азнавсозии ноҳияю деҳот фароҳам оварда шуд,-иброз дошт раиси ноҳияи Дарвоз Саидалӣ Мусофиров. Танҳо дар маркази ноҳияи Дарвоз- шаҳраки Қалъаи Хум биноҳои замонавии «Агроинвестбонк», идораи Барномаи Хазинаи Оғохон, бинои прокуратура, беморхона, идораи рӯзномаи ноҳиявӣ ва даҳҳо иншооти дигар дар асоси нақшаи генералии ноҳия бунёд гардид. Ба гуфти мардуми ин ҷо, Президенти кишвар дар сафарҳои кориаш истиқлолиятро ба кӯҳистони Дарвоз овард, дарвозиҳо аз истиқлолият навовариро омӯхтанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






