ИТТИҲОДИ АВРУПО БА АФҒОНИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Назриев). — Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта чанд рӯз пеш аз сафари Прага баргашт. Вай дар ин ҷо бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо мулоқотҳо анҷом дод. Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, ки барои расондани кӯмак ба Афғонистон 48 миллион евро ҷудо менамояд. Аз ин маблағ 20 миллион евро барои гузаронидани маъракаи интихоботи президенти Афғонистон, 20 миллион евро барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони озуқаворӣ ва 8 миллион евро барои расондани кӯмак ба оилаҳои аз фалокатҳои табиӣ зарардида сарф карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






