ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН 50 – СОЛА МЕШАВАД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Моҳи ноябри соли равон 50 – солагии таъсиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Тайёрӣ ба ин санаи муҳим давом дорад. Ба муносибати ҷашн тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, барои ба даст овардани ҷоизаи Иттифоқи журналистон озмунҳо гузаронида, осорхонаи Иттифоқи журналистон кушода ва дар бораи таърихи соҳаи журналистикаи тоҷик китоби алоҳида чоп карда мешавад. Ноширон аз журналистон хоҳиш кардаанд, ки дар нашри китоб кӯмак расонда, тарҷумаи ҳоли ҳамаи раисони Иттифоқи журналистон ва мақолаҳоро дар бораи журналистони машҳур пешкаш намоянд. Моҳи ноябр Осорхонаи журналистика кушода мешавад. Айни ҳол барои осорхонаи мазкур экспонатҳо, аз ҷумла, мошинкаҳои кӯҳнаи чоп, дастгоҳҳои сабти овоз, шумораи рӯзномаю маҷаллаҳои солҳои гузашта, камераҳои кӯҳнаи наворбардорӣ ва ғайра ҷамъ оварда мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






