КӮМАКҲОИ СОЛИНАВИИ ПСС
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи соли нав Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тарбиятгирандагони як қатор муассисаҳои иҷтимоии кишварро ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ таъмин кард. Аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тарбиятгирандагони хона-интернати «Чорбоғ», хонаҳои кӯдакони рақами 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, хона-интернати кӯдакони нобино ва дармонгоҳи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор ва хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода соҳиби тӯҳфаҳои солинавӣ шуданд.Бояд зикр кард, ки кормандони палата қаблан аз ин муассисаҳои иҷтимоӣ боздид карда, муайян сохтанд, ки онҳо ба кадом навъи маводи хӯрока бештар эҳтиёҷ доранд. Сипас, муворфиқи эҳтиёҷот ба онҳо орду шакар, макарон, биринҷ, равған ва дигар маводи ғизоӣ кӯмак карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






