КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муовини раиси ноҳияи Ашт Мавлуда Маҳкамова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки Агентии рушди байналхалқии ИМА ва Созмони шафқат ба бештар аз 3,5 ҳазор хонавода дар ноҳияи Ашт ва шаҳрҳои Хуҷанду Табошар кӯмаки хайрия мерасонанд. Ин оилаҳо даромади ночиз дошта, барои гирифтани кӯмаки моддӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ муроҷиат намудаанд. Дар кумитаҳои маҳаллӣ рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд тартиб дода шуд. Маълум аст, ки Тоҷикистон айни ҳол дар шароити душвори иқтисодӣ қарор дорад ва қисми зиёди аҳолӣ камбизоат мебошад. Мо тӯли солҳои охир бо Созмони шафқат самарабахш ҳамкорӣ мекунем. Ин имкон медиҳад, ки ба аҳолии камбизоат то ҳадди имкон кӯмаки моддӣ расонда шавад, гуфт дар хотима М.Маҳкамова. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






