К.ЭЙДЕ: «ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД ҲАРЧИ НАҚШИ МУҲИМРО ДАР БОЗСОЗӢ ВА СУЛ&#
Душанбе, 26-ми январ. (НИАТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт. Пас аз анҷоми мулоқот бо Сарвари давлат К. Эйде андешаҳояшро ба хабарнигорон баён дошта, иброз намуд: «Мулоқоти мо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр пурмӯҳтаво ва самарабахш буд». Ӯ афзуд, ки дар ин мулоқот масъалаҳои дурнамои ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба дар доираи СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, зеро дар ин марҳила барои мо масъалаи тавсияи ҳамкории минтақавӣ бисёр зарур аст, чунки кишварҳои ҳамсоя метавонанд дар барқарории сулҳу суббот дар Афғонистон нақши босазоро мебозанд. «Далелҳое, ки ман аз ҷаноби Президент шунидам, омодагӣ ва майли Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон исбот намуд», — идома дод К. Эйде. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон метавонад ҳарчи нақши муҳимро дар бозсозӣ ва сулҳу субот дар Афғонистон бибозад. К. Эйде гуфт, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи лоиҳаҳои инфрассохторӣ мулоқоти пурмӯҳтаво дошт. Ин лоиҳаҳо метавонанд ба ҶТ ва ҶИА муфид бошанд. Аз ҷумла, ин лоиҳаҳо самтҳои роҳсозӣ, роҳи оҳан, гидроэнергетика ва дигар соҳоти инфрасохториро дар бар мегиранд. «Ман боварӣ дорам, ки ҶТ метавонад дар таҳким густариши иқтисодиёти Афғонистон нақши муҳимро бозад», — тазаккур дод намояндаи СММ дар Афғонистон. К. Эйде зикр кард, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи кӯмак ва мусоидати Тоҷикистонро дар роҳи барқарор ва густариши соҳаи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ намуданд. Тавассути татбиқ намудани лоиҳаҳои дар боло зикршуда, Афғонистон метавонад низоми обёрикунонӣ ва механизми ирригатсионии заминҳои корамро тараққӣ диҳад. Афғонистон имрӯз ба об, нерӯи барқ ва мутахассисони сохибмалака ниёз дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода метавонад нақши босазои худро гузорад. «Мо инчунин, вазъияти сиёсии Афғонистонро бо ҷаноби Президент мавриди баррасӣ қарор додем. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷрибае, ки кишвари тоҷикон дар истиқрори сулҳ ва дастёб шудан ба ризоияти сиёсӣ доранд, маълумоти муффасал дод. Аз дид ва назари ман дастёб шудан ба ризоияти сиёсӣ имрӯз барои ҷомеаи Афғонистон хеле муҳим аст. Албатта он вазъият ва таҷрибае, ки Тоҷикистон аз сар гузаронид аз вазъияти имрӯзаи Афғонистон фарқияти зиёде дорад, лекин аз нигоҳи ман Афғонистонро мебояд аз кишварҳои ҳамсоя, алалхусус таҷрибаи сулҳофарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи бештар андозанд, дарсҳои муфид омӯзанд ва ба истиқрори сулҳ ва ризоияти сиёсӣ дар кишвари худ ноил гардад», — таъкид намуд К. Эйде.