КАМБУДИҲО ДАР ПЕШ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Ҷаласаи ҳайати мушовара дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ доир гардид. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ин вазорат хабар доданд, дар он муовини сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов, мудири шуъбаи энергетика ва саноати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Абдулло Ёров ва муттасадиёни ҳамин вазорат иштирок намуданд. Дар нишасти мазкур як қатор дастоварду камбудиҳоро баррасӣ намуда, инчунин нақшаву вазифаҳоро барои оянда муҳокима карданд. Дар назар аст, ки рузи 26 январи соли ҷорӣ оиди фаъолияти вазорат вазири энергетика ва саноати ҶТ барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ нишасти ҷамъбастии матбуотӣ баргузор мегардад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






