КОР БА БЕКОРОН
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират 13 январи соли ҷорӣ соати 8 дар Кохи «Ориёно»-и пойтахт ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир менамояд. Мудири шӯъбаи байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии мазкур Абдулло Қодирӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин ярмарка тамоми вазорату идора, муассиса, корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фиристонидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар машғуланд метавонанд ширкат варзанд. Ҳадафи ташкили ин ярмарка бо ҷойҳои кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






